1/27/2011

ҲНИТ ВА РОҲИ ПУЛАКӢ

КОРШИНОСОН ИШТИБОҲ МЕКУНАНД

 Масъалаи пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чанак ва эҳтимоли дигар роҳҳои кишвар имрӯзҳо яке аз масоили доғи рӯз ва мавзуъи асосии аксари маҳфилҳо ва расонаҳои хабарӣ мебошад. Новобаста аз гузаштани вақт ин мавзӯъ ҳамоно доғ боқӣ мондааст ва доираҳои таҳлилӣ ва иттилоотӣ талош мекунанд, ки ба саволҳои пайдошуда ҷавоб ва ба паҳлӯҳои норавшани ин қазия равшанӣ андозанд.
Ин таҳлилҳо, ки аксаран дар заминаи маълумотҳои нопурра ва ё тахминҳо ба вуҷуд меоянд, гоҳо боиси каҷфаҳмии мавзӯъ ва масъалагузориҳои ғалат аз тарафи муаллифон ва иттилоърасонии нодуруст ба хонанда ё шунаванда мегардад. 
 
Инҷо камбудӣ танҳо дар муаллифон (рӯзноманигорон, таҳлилгарон ва коршиносон) нест, балки касоне, ки бо тақозои масъулияти хидматиашон ва ё ҷузъи ин раванд буданашон маълумоти бештареро дар ин мавзӯъ доранд, мутаассифона, бо далелҳои гуногун дар ин бора ё умуман сӯҳбат намекунанд, ё тарзе масъалагузорӣ мекунанд, ки шубаҳот ва норавшанӣ бештар мегардад. Аз инҷост, ки ҳатто таҳлилгарони нисбатан касбии мо ҳам гоҳо ба хулосаҳои аҷиби «илмӣ» мерасанд, ки натиҷаи сабабҳо дар боло зикр шудааст. Барои мисол, дар бораи мавқеъи ҳизбҳои сиёсӣ нисбати ин масъала яке аз коршиносони маъруф ҲХДТ ва ҲНИТ-ро аз ҷумлаи аҳзоби бетараф дониста буд. Инчунин, дар саҳифаҳо ва маҳфилҳо атрофи норавшании мавқеъи нерӯҳои сиёсӣ сӯҳбатҳои зиёд мешавад. Шояд ин эродҳо то ҷое асос доранд, зеро на ҳама вақт бо далелҳои гуногун ин мавқеъҳо ба таври равшан ва возеҳ дар ихтиёри расонаҳо ё таҳлилгарон қарор мегиранд. Чун, савол бори дигар аз тарафи ҳафтаномаи «Миллат» матраҳ гашт, зарур донистем, ки як каме муфассалтар атрофи ин масъала назари хеш ва ҳамзамон ҲНИТ-ро дар бораи пулакӣ гаштани роҳҳо дар маҷмӯъ ва Душанбе-Чаноқ, ба таври хос, гуфта бошем: 

1. ҲНИТ ЗИДИ РОҲҲОИ ПУЛАКӢ НЕСТ, АММО ТАЛАБОТИ ХУДРО ДОРАД
 
ҲНИТ ба масъалаи вуҷуди роҳҳои пулакӣ дар Тоҷикистон усулан зид нест ва ин масъала дар сатҳи қонунгузорӣ ҳали худро ёфтааст. Вале, вуҷуди роҳҳои пулакӣ чи дар кишвари мо ва чи дар таҷрибаи ҷаҳонӣ шарту шароит ва талаботи худро дорад, ки бояд ҳатман риоя шавад. Аввалин шарт он аст, ки бояд дар ҳамон масир роҳи оммавии бепул вуҷуд дошта бошад ва касоне, ки имкон ё хоҳиши истифодаи роҳи пулакиро надоранд, тавонанд аз роҳи оммавӣ истифода намоянд. Инҷо як нуктаро бояд равшан намуд, ки ҳамон роҳи оммавие. ки «бепул»-аш мехонем, аслан бепул ҳам нест. Шаҳрвандон ба ҳукумат андози махсуси роҳ месупоранд, ки ин худ пардохти ҳақи истифодаи ҳамаи роҳҳои кишвар аст. Сониян, ҳукумат вазифадор аст, ки ҳама шаҳрвандонро бо роҳи оммавӣ таъмин намояд, зеро аз мардум барои ин кор маблағ ситонида мешавад. Аммо, роҳи пулакӣ бояд ҳамчун тарҳи нави бозаргонӣ аз сифр бо маблағи сармоягузор сохта шавад ва онгоҳ сармоягузор ҳақ дорад, ки маблағи муайянеро барои истифодаи роҳ биситонад ва он ҳам барои пӯшонидани масорифи аввалия ва гирифтани даромад, ки ҳама гуна сармоягузорӣ ба хотири он карда мешавад. Дар чунин сурат, сармоягузор метавонад ширкати ватанӣ ё хориҷӣ ва ҳатто худи ҳукумат бошад. Оё ин шартҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқ риоя гашатаанд? Агар не, пас ҲНИТ наметавонад ҳатто «бетараф» бошад, чуноне, ки дар ин бора навиштанд, балки мо комилан мухолиф ба пулакӣ кардани роҳҳои кишвар бидуни риояи шартҳои боло ҳастем. Мавқеъи ҲХДТ ва дигар аҳзобро намояндагони онҳо тавзеҳ хоҳанд дод, вале Созишнома дар порлумоне ба тасвиб расидааст, ки аз ҳисоби намояндагони ҳизбҳои ба қавли таҳлилгари мӯҳтарам «бетараф» ташкил ёфтааст. Роҳбарияти Ҳизби коммунистӣ аллакай мухолифати худро ба ин Созишнома изҳор намуд. Агар ҲНИТ ва ҲКТ мухолиф бошанду ҲХДТ бетараф, пас чи гуна ин Созишнома дар Порлумоне, ки он замон аз ҳамин се ҳизб ташкил шуда буд, ба тасвиб расид?

2. ҶОМЕАИ МУТАМАДДИН ВА ШАРОИТИ КИШВАРИ МО
 
Қаблан, расонаҳо талаби шаҳрвандонро, аз ҷумла, сокинони шаҳри Истаравшанро, ба нашр расониданд, ки номи вакилони тарафдор ва мухолифи тасвиби Созишнома байни Ҳукумати ҶТ ва ширкати офшории IRS-ро дар матбуот ошкор кунанд. Аслан, дар тамоми олам (манзур олами мутамаддин аст) интихобкунанда дастрасии фаврӣ ба мавқеъи ин ё он ҳизб ё вакил ҳангоми баррасӣ ва қабули масоили муҳими ҷамъиятро дорад ва ҷомеъа тахмин намекунад, ки кадом ҳизб чӣ мавқеъ дошт ё ин вакил чӣ гуфт. Шароити кишвари мо як каме фарқ мекунад ва маълум аст, ки натанҳо шаҳрвандони оддӣ, балки коршиносони мо ҳам чандон маълумоти кофӣ надоранд. 

3. МАВЗӮЪ НОЗУК АСТ, АЗ ҶУЗЪИЁТИ ОН ХУДОРӢ МЕКУНЕМ
 
Бо гузашти қариб як сол аз тасвиби Созишнома имрӯз, ки шаҳрвандон (интихобкунандагон) ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд, суол мекунанд, ки мавқеъи ин ё он вакилу ҳизб он рӯз чӣ буд ва ҳоло чӣ гуна аст? Ин дигар кори фардии ҳар як ҳизб ё вакил аст, ки мавқеъи онрӯзаву имрӯзаашро ошкор мекунад ё не. Мо масъули мавқеъи худем ва мавқеъи ҲНИТ имрӯз ҳамонест, ки ҳангоми тасвиби Созишнома буд. Ва агар имрӯз мегӯем, ки мухолифи пулакӣ кардани роҳи Душанбе-Чаноқ ҳастем, чун на ба қонунгузории кишвар мутобиқат мекунад ва на ба манфиати мардуму кишварамон. Яъне мақеи ҲНИТ ҳамон ҳарфҳоест, ки он рӯз гуфта будем. Шояд ин масъала ҳассостарин масъала ва он ҷаласа душвортарин ҷаласаи порлумони гузашта буд, ки бо назардошти назокатҳои мавзӯъ аз овардани ҷузъиёти он худдорӣ менамоем. 

4. ИН СОЗИШНОМА КОРҲОИ МУСБАТИ ПОРЛУМОНРО ЗЕРИ СОЯ БУРД
 
Масъалаи дигар, тақсими масъулияти пулакӣ шудани роҳҳо байни ниҳодҳои давлатӣ ва масъулин мебошад. Маъмулан, ҳар қонуни мавриди қабули ҷомеъа дар порлумон ба тасвиб расад, он соҳибони зиёде пайдо менамояд ва камтар номи порлумон зикр карда мешавад. Вале, ҳангоми қабули чунин санадҳои баҳсбарангез, одатан санги маломат ба сари порлумон зада мешавад, чун санад дар ҳамин ниҳод ба тасвиб расидааст. Ҳол он ки аксари лоиҳаҳо ба порлумон аз тарафи мақомоти иҷроия ворид мегарданд ва таҳрирҳои забониву услубиро ба назар нагирем, моҳиятан дар ҳамон шакли пешниҳодшуда ба тасвиб мерасанд. Порлумони қаблиро зиёд маломат намуда буданд ва ҳоло ҳам аз танқид халос нашудааст. То кадом ҳад асоснок будани ин танқидҳоро ҳоло баррасӣ нахоҳем кард, вале худи ҳамин Созишнома ба танҳоӣ корҳои зиёди мусбати даъвати қаблиро зери сояи худ қарор додааст. 

5. МЕДОНЕМ, КИ ПОРЛУМОН ЧӢ САЛОҲИЯТ ДОРАД
 
Бидуни шак, агар имрӯз ҳам он пешниҳод мегардид ё санадҳои монанди он пешниҳод гарданд, шояд бо ҷонибдории бештаре ба тасвиб бирасанд. Вале, суол ин аст, ки чаро бояд ҳамеша порлумон масъулияти чунин санадҳо ва иқдомҳои номуваффақро ба дӯш бигирад ва дигар ниҳодҳо ва нерӯҳои сиёсӣ, ки дар ин раванд нақши бештар ва ҳатто калидиро доранд, бетараф муаррифӣ гарданд? Ҳама медонем, ки Порлумон чӣ гуна интихоб шудааст, аз киҳо иборат аст ва дар тавозуни қудрати давлатӣ чӣ салоҳияту ваколат дорад. Ин ба хотири сафед кардани Порлумон нест, балки воқеиятро бояд ба назар гирифт ва интизориро аз ҳар кас ва ҳар ниҳод баробари тавону имконоташ бояд дошт. 

6. НОРОҲАТИИ МАРДУМ ВА НОРАВШАНИИ ҲУВИЯТИ IRS
 
Воқеият ин аст, ки Порлумон Созишномаи аз ҳукумат пешниҳодшударо ба тасвиб расонд ва имрӯз як ширкати хориҷии ҳувияташ норавшан аз роҳи бо каланду зоғнӯлсохтаи бобову падарони насли мо бидуни заҳмате пул ҷамъоварӣ менамояд ва аксари мардум нороҳатанд. Акнун чӣ бояд кард ва ҲНИТ чӣ пешниҳод менамояд? 

МАВҚЕЙИ ҲНИТ
 
Созишнома бояд аз ҷониби ҳукумат бекор карда шавад. Бо назардошти нороҳатии мардум ва муроҷиатҳои батакрори шаҳрвандон дар бораи бекор кардани ин Созишнома, ҳар вакиле ё ҳизбе масъаларо бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд, мавриди ҷонибдорӣ ва маҳбубияти қисме аз мардум хоҳад гашт. Табиист, ки дар Порлумони имрӯза пешниҳоди бекор кардани Созишнома байни Ҳукумати ҶТ ва ширкати IRS ҷонибдорӣ нахоҳад ёфт, вале пешниҳодкунандаи он дар байни мардум ҳамчун ҳомии манофеъи шаҳрвандон обрӯйи бештаре касб хоҳад кард. Пас чаро ҲНИТ ё ҳизбҳои дигаре, ки ба ин созишнома мухолифат карданд, ин корро анҷом надиҳанд ва ҷонибдорони бештареро ба худ ҷалб насозанд? Албатта, ҲНИТ аз тариқи намояндагони худ метавонад масъаларо дар Порлумон дар миён бигузорад, новобаста аз он, ки ҷонибдорӣ мешавад ё не. Агар қабул шуд, барои ҳама хуб, агар не, ҳади аққал ҳизб масъулияти худро дар назди мардум анҷом додааст. Шояд ин иқдом аз тарафи баъзе доираҳо як амали популистӣ маънидод шавад, чун пешниҳоди масъалаи натиҷааш аз қабл маълум, ҷуз аз ҷалби диққат ба мавзӯъ ё ба тарафи пешниҳодкунанда ё ҳарду чизи дигаре нест. Албатта, ин ҳам ҷузъи амали сиёсӣ мебошад ва маъмулан сиёсатмадорони касбӣ ва аҳзоб аз чунин ҳолатҳо хуб истифода менамоянд ва дуруст ҳам ҳаст. Вале, аз нигоҳи мо масъала ҷиддитар ва муҳиматар аз он аст, ки сиёсатмадорон ва аҳзоб сари он холгириву худнамоӣ кунанд. Раҳбарияти ҲНИТ дар ин маврид бо доир намудани машваратҳои зиёди дохилиҳизбӣ ба ин натиҷа расид, ки агар мақсад он аст, ки дарди мардум даво гардад ва Созишномае, ки ҳамаро нороҳат сохтааст, бекор карда шавад, пас бояд роҳҳои воқеъӣ ва амалишавандаро пешниҳод намуд, то ҳадаф амалӣ гардад. 

ҲУКМАТ БАРОИ ИН ИМКОН ВА НИЁЗ ДОРАД
 
Беҳтарин роҳ, ки мо онро пешниҳод мекунем, ин аст, ки бекор намудани Созишнома аз тарафи худи ҳукумат ва элитаи ҳукмрон ба миён гузошта шавад ва он ҳам бо далелҳои зерин: 

1. Аз номи ҳукумат, ки пешниҳод шуд, бе ягон мушкилӣ дар Порлумон ҷонибдорӣ хоҳад ёфт. 

2. Чуноне ки дар боло зикр гашт, ҳар касе ин масъаларо ба Порлумон матраҳ намояд, дар чашми миллат ҳамчун ғамхори мардум ва пуштибони камбизоатон маъруф хоҳад шуд ва бигузор ин дастовардҳоро роҳбаритяи кишвар ва ҳизби ҳоким ба номи худ сабт намояд. Пуштибонӣ ва мақбулият назди мардум дар ин шабу рӯзи ҳассос ва пурмоҷаро барои роҳбарияти кишвар зиёдатӣ ҳам нест. Баръакс, бо дар назардошти вазъи печидаи минтақа ва омилҳои дигар, шояд аз ҳар вақти дигар дида, маҳз ҳамин шабу рӯз ризоияти мардум ва неруҳои сиёсӣ аз роҳбарияти кишвар аҳамияти бештарро касб карда бошад 

3. Бигузор мардум ба ин бовар бошад, ки кадом як ширкати хориҷӣ бо истифода аз беинсофии баъзе масъулин ва ноогоҳии порлумони вақт хост бидуни кадом заҳмате аз ҷайби мардум сармоя ғун кунад, вале ҳукумат инро дарк намуда, пеши роҳи беадолатиро гирифт. 

4. Аз ҳама муҳимаш, ин иқдом ҳама овозаҳоро дар бораи мансубияти ин ширкати «эрка» ба доираҳои наздик ба ҳокимиятро аз байн мебарад, ки худ як амри фавқулода муҳим дар роҳи эътимодсозӣ байни мардум ва элитаи ҳукмрон мебошад. 

Табиист, ки масъулияти як ҳизб бо равшан кардани мавқеъ ва ироаи пешниҳодҳо ба мақомоти давлатӣ назди мардум ва интихобкуннадааш тамом намешавад. Ҳади аққал мо қисме аз масъулияти худро анҷом додаем ва умедворем, ки ин дидгоҳҳо ва пешниҳодҳо то ҳади имкон мавриди қабули масъулин қарор хоҳад гирифт. Ва ҳамзамон, мавқеъи ҳизб назди коршиносон ва таҳлилгарон равшантар хоҳад гашт. 

Муҳиддин КАБИРӢ,
Раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагон
 
http://millat.tj/siyosat/1863-hnit_va_rohi_pulak_794.html

No comments:

Post a Comment