1/05/2011

Масъулияти мусалмони муосир дар раванди ҷаҳонишавӣ (4)

Машрӯҳи суханони Муҳйиддин Кабирӣ дар дидор бо ҷавонон
Қисмати чаҳорум (саволу ҷавоб)

Ҳамеша бар алайҳи Ҳизби Наҳзат фишори иттилоотӣ ҳаст
Савол: Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон, банда пешниҳоде дорам ва он ин аст, ки мо ба унвони ҷавонони узви ҲНИТ муваззаф ба рафтор ва барномаи хоссе бояд бошем, ки бо рафтор ва барномаҳои дурусте, ки нишондиҳанди аҳдофи ҳизб ҳам бошад, коре кунем нигоҳи ҷомеа нисбат ба мо мусбат бошад ва бо рафтори дуруст ва барномаи рӯшангар нигоҳҳои ғайри мусбатро нисбат ба худ ва роҳу равишамон ба нигоҳи мусбат табдил намоем.
М. Кабирӣ: Саломат бошед! Агар мо дар пайи ин бошем, ки ба мардум бифаҳмонем мо кӣ ҳастем ва чӣ мехоҳем, инро пеши худамон муайян кунем, ки мо чӣ мехоҳем ва баъд биравем суроғи мардум ва ба мардум бифаҳмонем, ки мо чӣ мехоҳем. Таҷрибаи интихобот ба мо нишон дод, ки дар байни мардум будан чӣ қадар муҳим аст; замоне ки намояндагони ҳизб, бахусус ҷавонон вориди манзилҳову хонаҳои мардум мешуданд ва бо онҳо сӯҳбат мекарданд, назари мардум нисбат ба ҳизби мо комилан дигар шуд; мардум ҳадди ақал фаҳмиданд, ки мо хатарнок нестем ва ҳадафамон чист? Муносибат нисбат ба мо дигар шуд.
Шумо набояд аз ин ки мардум нисбат ба ҳизби мо тасаввури ғалат доранд, ноумед бошед, зеро мардум чи аз дохил ва чи аз хориҷ дар таҳти фишори иттилоотӣ қарор гирифтаанд. Вақте гумонбареро дастгир мекунанд, агар камтарин рабте ба Ҳизби Наҳзати Исломӣ дошта бошад, дар телевизион ва радио эълон мекунанд, ки фалон узв ва ё намояндаи Ҳизби Наҳзат дастгир шуд. Аз 40 000 узви мо ҳатман як ду нафар муттаҳам ба кори хилофи қонун пайдо мешавад. Худо раҳмат кунад Ҳомиддин Шарипов вазири собиқи корҳои дохилаи кишварро, эшон дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфт, ки се нафарро, ки узви ҲНИТ будаанд, ба унвони гумонбар дастгир кардаанд; баъд ман ба эшон занг зада гуфтам, ки шумо дар мусоҳибаатон гуфтед, ки ҳамин моҳ чанд сад ҷиноят ошкор шуд, он ҷинояткорони дигар аз кадом ҳизб буданд? Гуфт, ки ман напурсидаам. Гуфтам, пас чаро он чанд сад нафар ҷинояткори дигарро напурсидед, ки узви кадом ҳизбанд, шояд медонистед, ки узви ҲНИТ нестанд.
Ҳамчунин дар ин мусоҳибааш гуфт, ки 20 нафар милитсионерро ҳам ба хотири ҷинояташон дастгир кардаанд. Гуфтам, дар вазорат чанд нафар корманд дорӣ? Гуфт, ки 36000 штати корӣ дорем. Он замон аъзои ҳизби мо ҳам 30 ё 35 ҳазор нафар буданд, гуфтам, ки бубинед шумораи аъзои ҳизби мо ба теъдоди кормандони шумо баробар аст. Мо дар як сол се гумонбар додем, шумо дар як моҳ 20 ҷинояткор додаед.
Ҳамеша бар алайҳи Ҳизби Наҳзат фишори иттилоотӣ ҳаст, агар як нафарро, ки маълум нест барои кадом ҳодисае дастгир шудааст, ҳатман бояд билети ҳизбии ӯро дар телевизион нишон бидиҳанд, ки бубинед узви ҳизби Наҳзат буд, аммо чанд вакили ҳизбҳои дигар бо ҷиноят дастгир шуданд ва чанд нафари дигараш дар гурез аст, аммо касе намегӯяд, ки ин аъзои кадом ҳизб аст? Пас чӣ гуна аз шаҳрвандони оддӣ, аз ин мардуми бечора гиламанд бошем, ки моро дуруст намефаҳманд.
Вазифаи мо
Вазифаи мо ин аст, ки ба хонаву манзилҳо равем, бо мардум аз наздик сӯҳбат намоем, танҳо бо ҳамин роҳ аст, ки мо метавонем ба мардум бифаҳмонем, ки мо кӣ ҳастем ва чӣ мехоҳем? Вале пеш аз он бояд барои худамон маълум кунем, ки мо кӣ ҳастем ва чӣ мехоҳем?
Сабурӣ дар айни ҷасорат гарчи душвор, аммо матлуб аст
Савол: Устод, саволи ман ин аст, ки шумо ҳамчун як шахсият, ҳамеша бар мо ҷавонон супориш мекунед, ки боҷасорат бошем ва дар баробари он, таҳаммулу сабрро ҳам дошта бошем, ин хуб аст, аммо шумо эҳтимоли инро намедиҳед, ки аз тарафе супориш ба ҷасорат ва дар айни ҳол ба сабру таҳаммул ва ба иловаи он рӯшан нанамудани мавқеъ ва мавзеи худ аз тарафи шахсиятҳо, дар ҷойҳое бар зарари мо тамом шавад, ки натиҷаи нохушоянди онро дар оянда мушоҳида намоем? Махсусан шояд дар ҷойҳое супориш ба таҳаммул бар зарар бошад?
М. Кабирӣ: Бале, шумо ба як нуктаи бисёр дарднок ангушт гузоштед, ки дарди онро мо ҳис мекунем, яъне ҳамзамон бо таҳаммул босабр будан ва ҷасорату ғайратро доштан, воқеан кори душворе аст. Вале бояд як нуктаро каме ошкортар бигӯем, имрӯз оё эҳсос намекунед, ки тундгароӣ дар маҷмӯъ дар ҳоли рушд кардан аст, чӣ тундгароии мазҳабӣ ва чӣ дунявӣ? Андешаҳои тунд дигар танҳо дар доираҳои мазабӣ нест, балки дорад ҷомаи мазҳабӣ мепӯшад, имрӯз як ҷавонеро мебинед, ки роҳеро барои баёни эътирози худ пайдо намекунад, магар ин ки онро бо шиори мазҳабӣ обу ранг медиҳад.
Вақте мо ин ҳама даъват ба сабру таҳаммул мекунем ва боз ҳам тундгароӣ зиёд шуда истодааст, тасаввур кунед, ки касе ба болои ин биёяд ва бигӯяд, ки имрӯз дигар сабру таҳаммул кофӣ аст, бояд даст ба як эътирози шадидтар бизанем, маслан даст ба як гирдиҳамоӣ дар чорчӯби қонун бизанем, тасаввур кунед, чӣ мешавад!
Назари шахсиямон мутаассифона қурбонии дигар фаъолиятҳоямон шудааст
Савол: Албатта зарур нест, ки мо даст ба роҳпаймоӣ ва гирдиҳамоӣ бизанем, аммо ба назри ман зарур аст, ки ҳадди ақал як шаҳрванд ба унвони як шаҳрванд, на ба унвони вакили порлумон, бояд мавқеъ ва мавзеи худро баён кунад, назари шумо дар ин бора чӣ аст?
М. Кабирӣ: Ростӣ, баъзан одам мехоҳад мавзеи худро ҳамчун як шаҳрванди оддӣ дар бораи ин ё он масъала баён кунад; вале агар ин шахс як сиёсатмадор бошад (ҳамон тавре ки шумо худатон гуфтед, ки гуфтаҳои мо бар ҷомеа бетаъсир нест) ин шахсият ҳатто берун аз ин мақом, ба баёни мавзеи шахсии худ ҳам бипардозад ва назари шахсии худро ҳам бигӯяд, ин масъала тобиши сиёсӣ пайдо мекунад ва бар ҷомеа таъсири мусбат ё манфии худро мегузорад, бинобар ин ҳаёти шахсӣ ва назари шахсиамон мутаассифона қурбонии дигар фаъолиятҳоямон шудааст.
Бинобар ин, як сиёсатмадор дигар ҳаёти шахсии худро аз даст медиҳад, дигар наметавонад ҳар суханеро бигӯяд, ҳар назареро баён кунад, вақте ман ба унвони раиси ҳизб, ҳарферо ба забон меорам, аввал фикр мекунам, ки ин сухани ман чӣ аксуламале дар ҷомеа метавонад дошта бошад ва чӣ таъсире бар зиндагии шахсии аъзои ҳизб мегузорад? Он донишҷӯ ё он кишоварзе, ки аъзои ин ҳизб аст ва дар деҳа ба кори худ машғул аст, оё ба хотири суханони ман, ба мушкилоте дучор намешавад? Албатта мумкин аст ман худам аз баъзе хатарот ба хотири раиси ҳизб буданам дар амон бошам, аммо аъзои ҳизб дар он сурат ба чӣ мушкилоте дучор хоҳанд шуд?
Ин масоил аст, ки дар рафтору гуфтори мо ҳамеша эҳтиётро зарурӣ кардааст. Ба хотири ин масоил аст, ки мо ҳамеша дар рафтор ва мавзеъгириамон бо сабру таҳаммул пеш меравем. Вале агар боз хам ҷомеа интизории бештареро аз мо дорад, узри моро қабул кунад.
Парвариши чеҳраҳои миллӣ
Савол: Имрӯз маълум аст, ки ҳамаи ҳизбҳои Тоҷикистон танҳо дар сояи раҳбарияташ амал мекунад, чӣ ҲХДТ, ки як лидер дорад, Э. Раҳмон ва чӣ ҲНИТ, ки як лидер дорад, М. Кабирӣ ва ҳизбҳои дигари мо ҳам ҳамин ҳолатро доранд, манзури ман ин аст, ки барои чӣ аҳзоб ҷавононро бедортар намекунанд, аз байни ҷавононе, ки узви ҳизби худашон аст, лидерҳо тарбият намекунанд? Бубинед, дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, сухани раиси ҳизб чандон асар надорад, вале суханони лидер ва ё лидерҳои он асар дорад. Масалан, дар ҳизбҳои Америкаву Англия ҳар як ҳизб барои худаш 100 лидер дорад, чаро дар ҳизбҳои Тоҷикистон системаи чандлидерӣ вуҷуд надорад? Чун ба назар мерасад, барои як ҳизб ақаллан 10 лидер вуҷуд дошта бошад; оё дар ҳамин росто, дар масъалаи тарбияти лидерҳо аз байни ҷавонон шумо барномае доред?
М. Кабирӣ: Саломат бошед; бисёр ҳам пешниҳоди арзишманд буд. Ман қисман қабул дорам, ин шояд ҳамон вижагии шарқии мост, вале мо бояд кореро ба роҳ монем, ки фаъолони ҳизб аз сояи раҳбарият берун шаванд. Ман дар як суханроние, ки хосси хоҳарон буд, гуфта будам, ки бояд зан аз сояи мард берун шавад, ин ҷо ҳам мегӯям, ки бояд фаъолони ҳизб аз сояи раҳбарияташон берун шаванд.
Шумо фикр мекунед, ки мо ҳамин сӯҳбатҳое, ки дар мавзӯи ҷаҳонишавии фарҳанг ва ҷавони мусулмони муосир дорем, ба хотири чист? Ба хотири он аст, ки ҳар як ҷавон дигар наояд ва мунтазир бошад, ки Кабирӣ чӣ мегӯяд, балки бояд ба баёни андешаи шахсии хадаш бипардозад, бояд андешаи шахсии худашро дошта бошад. Чаро ман дар ибтидои сӯҳбатҳоям гуфтам, ки дигар бояд аз ин суханҳои пардозшуда ва лутфу марҳаматҳо даст бикашем. Биёед ҳамчун як ҷавон ва ба унвони як кадри оянда масъаларо матраҳ кунед ва дигар аз мақоми устодиву шогирдӣ даст бардорем ва нигоҳатон ба ман ба унвони як масъул бошад, фикру назарҳоятонро баён кунед, бидонед, ки ман имрӯз дар масъулияти раҳбарии ин ҳизб ҳастам ва фардо ҷойҳоямон бояд иваз шавад. Ман дар ҷои шумо менишинам ва як ҷавон тасаввур кунад, ки баъд аз даҳ сол дар ҷои ман менишинад. Ин ҷавонҳоро мо бояд ба ин тараф равона кунем, мо барои оянда барномаҳое дорем.
Яке аз барномаҳои ҳизби мо, ин расидан ба чанд чеҳраи миллӣ аст; яке аз ин чеҳраҳои миллӣ метавонад оқои Қиёмиддин бошад. ҲНИТ бояд сад чеҳраи миллӣ дошта бошад, чеҳраи миллӣ яъне чӣ? Чеҳраи миллӣ ба ин маъност, ки вақте яке аз ин чеҳраҳои миллӣ агар ба касе бигӯяд, ки фалонӣ шумо аъзои ҳизби мо бошед, дигар барои он шахси мухотаб шакке боқӣ намонад, ки шумо ва ҳизб ҳарфе барои гуфтан доред, ин чеҳраҳои миллӣ бояд дар мавзӯи сиёсат, иқтисодиёт, масоили динӣ, фарҳанг, ҷомеашиносӣ ва ғайра сухане барои гуфтан дошта бошанд.
Албатта барои расидан ба ин ҳадаф ва амалӣ шудани он, солҳо лозим аст. Масалан то соли 2015 шояд битавонем ин барномаро амалӣ намоем...
Таҳаввулоте, ки дар ҲНИТ сурат гирифтааст
Савол: Агар ин баён дуруст бошад, ҲХДТ ба он менозад, ки ҳукуматро дар даст дорад, ҲСДТ ба он менозад, ки бигӯяд бештари аъзоёни мо зиёӣ ва интеллегенсия ҳастанд, ва шумо шояд суханатон ин бошад, ки бигӯед, аъзоёни ҳизби мо ба арзишҳои динӣ таваҷҷӯҳ доранд. Вале ин барои ман қобили қабул нест, зеро агар ман аъзои ҳизби шумо мебудам, пеш аз он ки узви ҳизби шумо бошам, ба унвони як мусалмон барои ман арзишҳои динӣ мақому ҷойгоҳ дорад, дин зиндагии мост. Бинобар ин, қатъи назар аз он ки дин барномаи зиндагии мост, оё арзиш ва ҳадафи ҳизби шумо, ба ҷуз расидан ба сари қудрат, чист?
М. Кабирӣ: Саломат бошед, бисёр ин саволатон ҳам муҳим аст, вале ман фикр намекунам, ки ҲХДТ имрӯз ҳукуматро дорад, балки ҳукумат ҲХДТ−ро дорад, чун дар кишвари мо ҳанӯз мафҳуми ҳизби ҳоким ҷой наафтодааст. Вале дар маҷмӯъ дуруст мегӯед, аммо як равандро набояд фаромӯш кунем, банда аз соли 190−1991 дар ин ҳизб ва ин иттиҳод ҳастам ва дар анҷумани ин ҳизб, дар Астрахан низ ширкат доштам, ки он вақт донишҷӯ будам. Раҳматӣ Устод Нурӣ ба мо чанд тан донишҷӯе, ки узви ҳизб будем, таваҷҷӯҳи хос доштанд, зеро аксарияти узви раёсати ҳизб он замон, ҳарчанд инсонҳои донишманду огоҳе буданд, аммо дар чорчӯбу қолаби он замон ҳамчун посбон муаррифӣ мешуданд; ҷои кори расмиашон лифтёр ё ки посбони ягон корхона буд.
Масалан устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ки воқеан аллома буданд, ҷои кори расмиашон водхози ноҳияи Ваҳдат буд... Замонҳое буд, ки ҳизб як нафар хатмкардаи донишгоҳ дошта ва он ҳам донишҷӯе будааст, ки шабона дарс мехондааст. Ва ҳоло аз 49 нафар аъзои раёсати ҲНИТ ҳадди ақал ду ё се нафарашон донишгоҳ хатм накардаанд, ки онҳо ҳам шахсиятҳои боилму маърифате ҳастанд, ки фурсати донишгоҳ рафтанро ба далоиле надоштаанд; бақия ҳама хатмкардагони донишгоҳ ва номзадҳои илм ва соҳибони унвонҳои илмӣ ҳастанд.
Ин таҳаввулотест, ки дар ҲНИТ сурат гирифтааст ва ин ҷавононе, ки мо бо онҳо сӯҳбат карда истодаем ва даҳҳову садҳо ҷавони дигар, ки узви ин ҳизб ҳастанд ва дар донишгоҳҳо таҳсил доранд, онҳо такягоҳи мо ҳастанд. Дигар касе наметавонад бигӯяд, ки як ҳизб аз ҳуқуқшиносон ташкил ёфтаасту аъзоёни Ҳизби Наҳзат аксарияташ аз мардуми рустоиву кишоварз ва тоҷиру бозонишин ташкил гаштааст. Баъди чанд сол хоҳед дид, ки на фақат аъзои раёсат, балки узви қатории ҳизб ҳам аз донишмандону шахсиятҳои донишгоҳӣ ва соҳибони рутбаҳои илмӣ ташкил хоҳад шуд.
Арзишҳои ҲНИТ
Аммо дар мавриди ин ки арзишҳои ҳизби мо кадоманд, мо бори аввал дар таърихи ҳизб, арзишҳо ва рисолати онро муайн кардем, ки агар дар қолаби як ҷумла онро баён кунем, ин аст, ки худшиносӣ ва худошиносӣ яке аз арзишҳои мост, мардумсолорӣ ва каромати инсон аз меҳваритарин арзишҳои ҲНИТ аст; инсон бояд соҳиби каромат бошад ва меҳвари тамоми сиёсатҳо қарор бигирад. Ман узр мехоҳем, вале баъзеҳо давлатмеҳваранд, ба ин маъно, ки назарашон ин аст, ки бояд ҳама чиз қурбонии як дастгоҳе мисли давлат бошад, агар лозим бошад, ҳаёти инсон ва каромати инсон ҳам бояд дар ин роҳ қурбон шавад. Вале нигоҳи ман, (милоки шахсии ман) ин аст, ман инсонмеҳвар ҳастам. Назари шахсии ман ин аст, ки давлат ҳамчун натиҷаи андешаи башарият бояд дар хидмати инсон бошад, на инсон дар хидмати давлат. Давлатро инсон ихтироъ кардааст, ба хотири ин ки кори худашро сабук кунад, ҳаёти худашро беҳтар кунад.
Дунявияти отатуркиро қабул надорем
Аммо дар мавриди каромати инсонӣ; мо каромати инсониро дар ҳизб ҳамчун арзиш медонем, албатта атрофи ин мавзӯъ метавон хеле сӯҳбат кард, вале нуктаи меҳварӣ ин аст, ки ҲНИТ давлати ояндаи моро дар чорчӯби қонуни имрӯза дидан мехоҳад.
Он принсипҳое, ки ҳаст, мисли давлати дунявӣ, демократии ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ягона, инҳо барои мо арзиш аст, арзиши конститутсионӣ. Вале мо дар масъалаҳои ҷузъӣ баҳс дорем, масалан дар бардошти ғалат аз мафҳуми дунявият, зеро дунявияти Отатурке, ки мутааллиқ ба асри бист буд, мо онро қабул надорем. Имрӯз бародарони дунявии мо, дунявиятро аз нигоҳи Камол Отатурк мешиносанд, на аз нигоҳи мактабҳои секуляристии урупоӣ ва ғарбӣ, дар сурате ки ин шинохт аз назари мо қобили қабул нест. Албатта ман ба асли дунявият баҳсе надорам, ки баҳси онро мегузорем барои мавриди дигар.
Сиёсат ва дин
Савол: Шумо китобе доред бо номи “Сиёсат ва дин”, мехоҳам донам, ки барои чӣ ин китобро ин гуна номгузорӣ кардед?
М. Кабирӣ: Саломат бошед! Ин китоб, маҷмӯаи мақолот ва мусоҳибаҳои мо аст, ки ба шакли китоб даромадааст. Чун бештари мавзӯи мусоҳибаҳо ва мақолот дар он китоб бар меҳвари дин ва сиёсат аст, ин гуна номгузорӣ кардаам.
Назари ман ин аст, ки сиёсат ва дин ҳаргиз аз ҳам ҷудо набуданд, бахусус дини ислом наметавонад аз сиёсат ҷудо бошад, чун сиёсат ҷузъи ислом аст. Ҳамон тавре ки фарҳанг ҷузъе аз ислом аст, иқтисодиёт ва ҳуқуқ ҷузъе аз ислом аст, ҳеҷ кас наметавонад исломро бефарҳанг ва иқтисодиёт тасаввур кунад, ҳамчунон ки мо наметавонем исломро бесиёсат тасаввур кунем.
Ҳадафи мо ин нест, ки исломро сиёсӣ кунем, балки ҳадафи мо ин аст, ки сиёсатро исломӣ кунем ва ислом ҳамон тавре ки буд боқӣ мемонад. Касоне, ки мегӯянд, ман бо сиёсат коре надорам, фарқе ҳам надорад, ки вай мазҳабӣ аст ё нест, вай иқтисодчӣ аст ё варзишкор, ҳар касе, ки бигӯяд ман бо сиёсат коре надорам, дониста бошад, ки сиёсат бо ӯ кор дорад. Агар хоҳед, ки сиёсат бо шумо кор надошта бошад, шумо бо сиёсат кордор шавед, сиёсатро дар ихтиёри худ гиред, вагарна сиёсат шуморо дар ихтиёри худ хоҳад гирифт. Рӯзе аз гиребонатон мегирад, ки дигар шумо намедонед, чӣ кор кунед.
Чӣ кор кунем, ки аз мо натарсанд?
Савол: Чандест, ки як суол маро азоб медиҳад, мехоҳам бидонам, ки чаро ба хотири ин ки ҳизбӣ ҳастем, аз мо метарсанд ва чаро аз мо тарс доранд, (ин саволро дар нишасти қаблӣ ҳам дода вале ҷавобашро нагирифта будам)?
М. Кабирӣ: Саломат бошед! Савол дода будед, ки чаро аз мо метарсанд ва ман ҷавоби саволи шуморо ин гуна додам, ки чаро аз мо натарсанд? Гурӯҳе аз мардум ҳақ доранд, ки аз мо битарсанд, албатта ҳанӯз мо кори зиёде накардаем, аммо метарсанд, ки агар мо рӯзе бар сари қудрат омадем, тақдири ӯ, ки дигарандеш ё атеист аст, чӣ мешавад, ҳамватани дигарпӯшу дигарнӯшам чӣ мешавад?
Мо бояд ҷаоби ин саволро пайдо кунем, ки чӣ кунем, ки аз мо натарсанд, чӣ бояд кард, ки ин тарс аз байн биравад. Албатта гурӯҳҳое ҳастанд, ки ин тарсро бештар мекунанд, аз ратиқи расонаҳо аз мусалмон як чеҳраи хашин метарошанд, ки ин як қазияи дигар аст, аммо он чи ба мо марбут мешавад ин аст, ки ҳар яки мо бояд бар сари масъулияти худамон фикр кунем, ки чӣ гуна рафтор кунем, чӣ кор кунем, ки аз мо натарсанд?
Ҳар ҳароме зараровар аст
Савол: Шумо гуфтед, ки ихтироот бе илм намешавад, ба назари ман чизе ки пеши роҳи илмро мегирад, зино аст, зино ягона сабабе аст, ки пеши роҳи илмро мегирад ва ҳамчунин аз ҳазрати Имом Шофеӣ (р) ривоят аст, ки вақте дохили як дӯкон шуданд, зонуи як занеро диданд ва ҳамин ҷо нисфи Қуръон аз ёдашон мебарояд ва фаромӯш мешавад. Чаро ҳизбҳои мо дар паи ҷустуҷӯи айби ҳамдигар ҳастанд, вале дар паи аз байн бурдани зино ва корҳо нодуруст нестанд, масалан ҳамин ҳизби ҳоким чаро дар ин фикр нест, ки мо либоси миллиамонро аз байн бурда ва либоси аврупоӣ дарбар мекунем?
М. Кабирӣ: Саломат бошед! Хеле масъалаи аҷибро шумо гуфтед, ман бори аввал мешунавам рабти илм ва зиноро. Шояд манзури шумо аз илм ҳамон илми қуръонӣ буд, воқеан Имом Шофеӣ (р) ё ҳар каси дигаре ҳам бошад, зино ва ҳар кори ҳароми дигар бошад, дар маҷмӯъ, ба башарият зарар дорад. Вале набояд масоилро чунин сатҳӣ баҳо диҳем ва ҳамаро ба ҳам омехта кунем. Усулан ман бо назари шумо розӣ ҳастам, вале як нафар биёяд ва аз шумо пурсад, ки дар кишварҳое, ки зино роиҷ аст, илмашон дар ҳоли пешрафт ва ба кайҳон мераванду ба ихтирооти бузург мерасанд, пас назарияи шумо ботил мешавад, аммо дар маҷмӯъ чӣ зино бошад ё дуздӣ ё ҳар кори ҳароми дигар, на танҳо барои пешрафти илм, балки барои тамоми ҳаёти башарият таъсири манфӣ мерасонад.
Талоши кунем, ки ин қонун ба ин шакле ҳаст, қабул нашавад
Савол: Устоди мӯҳтарам, лоиҳае, ки дар бораи ӯҳдадориии падару модар дар бораи тарбияти насли наврас пешниҳод шуд, оё ин лоиҳа қобили қабул аст ва агар ба унқони қонун тасвиб шуд, мо ҳаққи радду эътироз ба он дорем?
М. Кабирӣ: Албата мо бояд талоши худамонро кунем, ки ин қонун ба ин шакле ҳаст, қабул нашавад, зеро баъд аз он ки ба унвони қонун қабул гардид, вазифаи шаҳрвандии мост, ки аз он итоат кунем; баъд аз қабулии қонун мо ҳақ дорем, ки нақд кунем ва талош барои ислоҳаш дошта бошем, вале душвор аст, ки баъдан ислоҳ ворид карда шавад.
Ин лоиҳа бо Қонуни асосӣ мухолифат дорад, бо ҳуқуқи башар мухолифат дорад, бо арзишҳои миллӣ−мазҳабии мо мухолифат дорад. Аз ҷумла мавориди мухолифати он ин аст, ки мо ҳаққи дар роҳи дин тарбият намудани фарзанди худро то синни 18−солагӣ надорем, (яъне ҳақ надорем, ки ӯро то синни 18−солагӣ бо худамон ба масҷид биёрем), касе ки то синни 18−солагӣ масҷидро надидааст, чӣ гуна имону ихлос пайдо мекунад, чӣ гуна муҳаббат ба масҷид пайдо мекунад? Ин ҳам хилофи ҳуқуқи башар аст, ҳам хилофи мазҳаби ҳанафӣ аст ва ҳам хилофи Қуръону шариат.
Мо бояд фарзандамонро ҳамроҳи худ ба мактаб, китобхона, театр, боғи истироҳат ва масҷиду мадраса барем, то рушд кунад ва гуногунандеширо биёмӯзад, агар ӯ дар ҳама ҷо ҳамроҳи мо бошад инҳоро меомӯзад; аммо агар ин қонун ба ин шакл қабул шавад, бояд он риоят шавад.
Бояд дид оё мамнӯъ нест?
Савол: Ду савол дорам, саволи аввал ин ки дар нишасти қаблӣ гуфта будед, ки барои интихоботи 2015 омодагиро шурӯъ мекунем, аммо то ба ҳол омодагие мушоҳида намешавад ва суоли дуюми ман ин аст, ки оё метавонем дар ҳамин майдони ҳизб, маросими туйро баргузор намоем, манъи қонунӣ надорад?
М. Кабирӣ: Аз дуюмиаш шурӯъ мекунем, ман бояд ин қонунро нигоҳ кунам, зеро мо тоза фаҳмидем, ки дар дафтари ҳизбамон иҷозати баргузор кардани намозро надоштаем, ҳоло бояд бинем, ки баргузор кардани ин гуна маросимро дорем ё на? Албатта агар касе маросимашро мехоҳад дар ин ҷо анҷом диҳад, марҳамат омада анҷом диҳанд, агар манъ карданд, баъд мефаҳмем, ки мамнӯъ будааст, вале то замоне ки манъ нашудааст, анҷом диҳанд, мо ҳам кӯмак мекунем.
Аммо дар мавриди суоли дуюми шумо. Шумо эҳсос мекунед, ки он шӯру шавқе, ки дар интихоботи гузашта доштем, дида намешавад, ин шояд ба ин хотир аст, ки баъд аз шӯру шавқи интихоботи гузашта табиист, ки одам хаста мешавад, зеро ҳар касе ҳам баъд аз кори вазнин хаста мешавад ва ниёз ба истироҳат дорад, маъракае, ки аз лиҳози физикӣ хастакунанда буд ва аъзоёни ҳизби мо ниёз ба истироҳат доштанд, аммо ҳамон гуна ки мебинед, мо дубора ба фаъолият ва дидорҳо шурӯъ кардаем ва ин вохӯрии дуюмамон аст, ки баргузор гардид, иншоаллоҳ шумо омода бошед, то барои интихоботи 2015 бо ҳамон шӯру шавқе, ки доштем ва балки бештар аз он момдагӣ бинем ва ба фаъолиятамон идома диҳем.
Поён

No comments:

Post a Comment