1/22/2011

Баёнияи ҲНИТ оид ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар»

Шӯрои сиёсии ҲНИТ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, лозим донист, ки бо ин баёния назар ва пешниҳодҳои худро ироа дорад. Таҳлили амиқи лоиҳа нишон медиҳад, ки он бо ҳадафҳои нек ва ба хотири таъмини рушди муносиби наслҳои имрӯза ва ояндаи миллат пешниҳод гаштааст. Бешак тарҳи мавзӯъ ва муҳокимаи он дар байни ҷомеъа таъсири худро дар самти болоравии аҳамияти тарбияи фарзандон ва наслҳои оянда дар кишвари мо хоҳад гузошт.

Дар баробари ин, ҲНИТ чанд мулоҳизаеро дар бораи худи идея ва механизми амалисозии он ироа медорад ва умедвор аст, ки ҳангоми баррасии лоиҳа дар сатҳҳои гуногун ба инобат гирифта мешаванд:

1.         Таъмини рушди ҳамаҷонибаи инсон вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеъа ва шаҳрвандон мебошад, ки ҳар кадом дар ин амри муҳим бояд қисмате аз масъулиятро ба дӯш дошта бошанд. Тақсими масъулият дар тарбияи наслҳои оянда бояд тибқи рисолат, имконот ва вазифаҳои ҳар кадоме аз ин субъектҳо анҷом бигирад.  Лоиҳаи мазкур аз ин се рукни аслии тарбия ва таълими наслҳои оянда, тамаркузи бештар болои яке аз онҳо, падару модарон кардааст, ки масъулият ва нақши дигар рукнҳо, мисли давлат ва ҷомеъа норавшан ва ҳатто берун аз лоиҳа мондааст.

2.         Талаботи давлатдории муосир дар масъалаи рушди инсон тақозо менамояд, ки таълиму тарбия яке аз рукнҳои асосии он ҳаст, бояд масъулияти аслӣ бар дӯши давлат ва мақомоти марбутаи он бошад. Рукнҳои дигар, мисли ҷомеъа ва падару модар, ки тарбияи фарзандон ҷузъи рисолатҳои фитрӣ ва маънавии онҳост, дар ин амр кӯмакрасон ва шарикони мақомоти давлатӣ мебошанд. Масъулиятҳои фитрии ҷомеъа ва падару модарон дар тарбияи  фарзандон ҳеҷ гоҳ масъулияти давлатро дар ин самт камтар ё иваз наменамояд. Маҳз масъулиятҳои давлат ва мақомти марбутаи он бояд дар қонунгузорӣ равшану возеҳ нишон дода шаванд ва тамаркуз бештар болои он бошад. Зеро масъулияти падару модар дар баробари фарзанд ҷузъи масъулиятҳои фитрист, ки тӯли таърихи башарият  бидуни кадом қонуне ё меъёри расмие онро анҷом додааст ва анҷом хоҳад дод. Тарҳи лоиҳаи қонун ба ин шакл ва мазмун метавонад баёнгари нотавонӣ ва оҷизии давлат дар анҷоми рисолат ва вазифаҳояш ё фирор аз масъулиятҳои аввалиндараҷаи хеш ва вогузор кардани онҳо ба дӯши дигарон шинохта шавад.

3.         Яке аз шартҳои асосии муваффақ будани ин ё он идея мувофиқ будани он ба воқеиятҳо, доштани заминаи воқеъии моддӣ ва мавҷудияти имкониятҳои кофӣ барои амалисозии он мебошад. Дар сурати ғайр, ҳамагуна идеяи ноб метавонад қурбони иқдомоти ҳангомавӣ ва механизмҳои ғайривоқеъӣ гардад. Идеяи баланд бардоштани аҳамияти тарбия ва таълими фарзандонро метавон аз муҳимтарин идеяҳои солҳои ахир ҳисобид, вале меъёрҳои  ғайривоқеъӣ на танҳо амалисозии онро душвор мегардонад, балки идеяро дар маҷмуъ ба нокомӣ дучор хоҳад кард. Лоиҳаи пешниҳодшуда талоше барои амалисозии ин идеяи ноб мебошад, вале таҳлил нишон медиҳад, ки дар чунин шакл ва мазмун метавонад омили аслии нокомии худи идея гардад. Барои мисол, меъёрҳои пешбининамудаи лоиҳа аксаран характери ахлоқӣ - насиҳатӣ дошта, хоси як санади ҳуқуқӣ нестанд. Кӯшиши бори ҳуқуқӣ бахшидан ба меъёрҳои ахлоқӣ- насиҳатӣ танҳо печидагиҳо ва норавшаниҳоро дар марҳалаи амалисозии қонун ба бор меорад ва боиси суитафоҳумҳо ва  суистифода аз он мегардад.

4.         Аз тарафи дигар, ба дӯши шаҳрвандон гузоштани масъулиятҳои зиёди норавшан ва амалан иҷронашаванда худ иқдоми нигаронкунанда аст. Дар сурате ки бештар аз як миллион шаҳрванди кишвар дар ҳиҷрат ба сар мебаранд ва қисми зиёде аз волидайн имкони  таъмини амалӣ ва моддии масъулиятҳои фитрии худро надоранд, болои онҳо бор кардани масъулиятҳои иловагии норавшан ғайримантиқӣ мебошад. Мақомотро лозим аст, ки пеш аз ҳама масъулияти худро дар баробари шаҳрвандон барои пайдо намудани ҷои кор дар дохили кишвар, баланд бардоштани маошу нафақа ва  таъмини шароити зисти муносиб боло баранд, ки ба таври табиӣ боиси амалӣ гаштани масъулиятҳои фитрӣ ва қонунии падару модарон нисбат ба фарзандон хоҳад гашт.

5.         Боиси нигаронист, ки лоиҳа дар чандин мавридҳо ба меъёрҳои амалкунандаи Сарқонун (моддаи 26), санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон (Пакти байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак,…) ва дигар қонунҳои кишвар  мухолафат дорад ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро маҳдуд месозад. Ҳамзамон баъзе меъёрҳои лоиҳа мухолафати ошкор ба арзишҳо ва талаботи дини мӯбини Ислом, аз ҷумла мазҳаби ҳанафӣ доранд, ки бояд бартараф гарданд. То синни 18 солагӣ дур нигаҳ доштани фарзанд аз масҷиду иттиҳодияҳои динӣ мухолифи фармудаҳои Паёмбари ислом ва Имоми Аъзам мебошад, ки амри фарзанд ба намоз ва масҷидро яке аз масъулиятҳои динии ҳар мусалмон медонанд. Дар рӯзҳои истироҳат ва соатҳои берун аз вақти таълим ба масҷид рафтан ва дар маросимҳои расмии динӣ иштирок кардан на танҳо ҷузъи ҳуқуқҳои фитрӣ ва конститутсионии ҳар шаҳрванд аст, балки ба тарбияи насли наврас дар чорчӯби ахлоқ ва фарҳанги милливу исломӣ кумак мерасонад. Масҷид ва иттиҳодияҳои расмии динӣ бояд кумакрасон ва шарики стратегии системаи маорифи кишвар дар самти тарбияи ватандӯстии наслҳои оянда шинохта шаванд, на рақиби идеологӣ. Масъалагузорӣ ба шакли «ё мактаб ё масҷид» маънии муқобили ҳам гузоштани ин ду сарчашмаи илму ахлоқ ва маънавиёт мебошад, ки ба нафъи ҳарду нест.  Бояд аз потенсиали қавии масҷид ва иттиҳодияҳои динӣ дар тарбияи дурусти фарзандон бо риояи комили талаботи низоми таълимии кишвар истифода бурд.

Бо дар назардошти аҳамияти ин масъала барои кишвар ва миллат Президенти ҶТ онро ба муҳокимаи оммаи васеъи мардум пешниҳод намуд, то фикру мулоҳизаҳо қабл аз ироаи расмӣ ба Парлумон ҷамъоварӣ ва вориди лоиҳа гарданд. ҲНИТ бо ҷонибдорӣ аз ин тарзи масъалагузорӣ ба умеди қабул гаштани пешниҳодҳои худ чанде аз онро ба мақомоти марбут тақдим менамояд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ

Пешниҳодҳои ҲНИТ оид ба лоиҳаи  Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

1.         Номи қонун дар таҳрири зерин навишта шавад: Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти давлат, ҷомеъа ва падару модар дар тарбияи насли наврас».
2.         Дар матни лоиҳа тартиби ҷобаҷогузории моддаҳо, мафҳумҳо ва меъёрҳо тибқи номи лоиҳа дар шакли таҳриршуда оварда шаванд. Яъне дар аввал  ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, ҷомеъа ва баъдан падару модар нишон дода шаванд.
3.         Зербанди 3-и моддаи 6-и лоиҳа хориҷ карда шавад ё дар таҳрири нав пешниҳод гардад, зеро идораи мактаб танҳо салоҳияти масъулини соҳа ва мудирияти он мебошад, на падару модар. Аз тарафи дигар, ба талаботи зербанди 15, моддаи 7 -и лоиҳа мухолафат дорад.
4.         Аз моддаи 7-и лоиҳа зербанди 1 хориҷ шавад, зеро номгузорӣ ҳақи истисноии падару модар ва наздикони тифл мебошад ва ҷорӣ намудани ҳамагуна маҳдудият дар ин масъала хилофи усулҳои озодӣ ва ҳуқуқи башар мебошад.
5.         Зербанди 19-и моддаи 7 хориҷ шавад, зеро амалан телефони ҳамроҳ гардонидани ҳама шаҳрвандони то синни 18-ро дар ҳама ҳолатҳо манъ мегардонад, ки дар шароити имрӯза имконнопазир аст. Ё ин маҳдудиятро танҳо дар ҷараёни таҳсил метавон ҷорӣ намуд, ки мантиқӣ ва амалишаванда мебошад.
6.         Зербанди 24-и моддаи 7 дар таҳрири зерин навишта шавад:  «иштироки фарзандони ноболиғро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва чорабиниҳои дастаҷамъонаи динӣ дар ҷараёни таълим роҳ надиҳанд».
7.         Зербанди 26-и моддаи 7 хориҷ шавад, зеро умумӣ ва норавшан мебошад. Ё дар таҳрири нав ба таври зайл навишта шавад: «Ҷалби фарзандони ноболиғи худро дар чорабиниҳои оммавӣ бештар аз ду соат иҷозат надиҳанд».
8.         Зербанди 32-и моддаи 7 дар таҳрири нав оварда шавад ва маҳдудият танҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ва фуруш то синни 15-солагӣ ҷорӣ гардад. Зеро амали харид зарурати рӯзмараи хонаводаҳо мебошад ва ворид намудани маҳдудият мушкилоти зиёдеро пеш хоҳад овард.
9.         Аз моддаи 9 зербанди 3 хориҷ карда шавад, зеро  боиси тарбияи ноболиғон дар рӯҳияи хабарчинӣ ва тамаъҷӯӣ мегардад.
10.       Нишондодҳои боби 3 (моддаҳои 8, 9 ва 10-и лоиҳа) бо дар назардошти пешниҳоди тағйирот дар номи лоиҳа ва техникаи қонунгузорӣ ба қисмати аввали матн оварда шавад.
11.       Меъёрҳои пешбинишуда дар  моддаи 9-и лоиҳа бояд васеътар гардонида шаванд. Зеро танҳо масъулияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои марбут ба таълиму тарбияро муайян менамоянд, ҳол он ки масъулияти дигар мақомоти давлатӣ дар ин самт аз доираи лоиҳа берун мондааст.
12.       Зербандҳои зерин ба моддаи 9-и лоиҳа ворид карда шаванд:

А) «Давлат бояд шароитеро ба вуҷуд биёрад, ки иҷрои талаботи ин ва дигар қонунҳои марбут ба тарбияи фарзандон ҳам барои масъулин ва ҳам падару модар аз лиҳози моддӣ имконпазир гардад. Аз ҷумла, ҳадди ақали маош ва нафақа аз нишондодҳои сабади минималии истеъмолӣ барои ҳар шаҳрванд набояд поин бошад.»

Б) «Мақомоти давлатӣ вазифадоранд барои пешгирии ҳиҷрати шаҳрвандон, ба хусус волидайни дорои фарзандони ноболиғ чораҳои мушаххас андешанд. Таъмин бо ҷои кор дар дохили кишвар ва додани афзалият ба шаҳрвандони дорои фарзандони ноболиғ яке аз авлавиятҳои сиёсатҳои иҷтимоии мақомоти давлатӣ дониста шавад.»

http://nahzat.tj/k/h/t/2002-bayoniyai-hnit-oid-ba-qonun.html

No comments:

Post a Comment