1/05/2011

Масъулияти мусалмони муосир дар раванди ҷаҳонишавӣ (2)

Машрӯҳи суханони Муҳйиддин Кабирӣ дар дидор бо ҷавонон
Вазифаи мусалмон дар чунин шароит
Масъалае сеюме, ки мехоҳам арз кунам, ин аст, ки дар чунин шароит, вазифаи як мусалмон чист, ба хусус насли ҷавон? Насли ҷавон чӣ бояд кунад? Аввалан, мавзеъи мо дар ин раванди ҷаҳонишавӣ, дуюм, ҳифзи худ аз таҳоҷуми фарҳангӣ, ки аз тариқи ҷаҳонишавӣ ҳар кадоми моро таҳдид мекунад, ва ахиран, чӣ гуна аз ин раванд бояд истифода бурд ва бо арзишҳо аз фарҳангҳои дигар тавре ҳамоиш ёфт ё худро сохт, ки аз он истифода кард, на ин ки қурбонии он шавем, балки аз он бо таври дуруст истифода намоем.
1. Пойбандӣ ба арзишҳои мазҳабӣ ва миллӣ:
Мо чанд нуктаро дар ин ҷо зарур медонем, ки ишора шавад: яке, пойбандии бештар ба арзишҳои мазҳабӣ ва миллӣ. Агар воқеан шумо мехоҳед, ки бо як таҳоҷуми фарҳангӣ муқобила кунед ва худро ҳифз намоед, бояд аз арзишҳои худатон як сипаре, як ҷавшане барои худатон дошта бошед, ки ҳар замону ҳар лаҳза шуморо ҳифз карда тавонад. Ин ҷавшан, танҳо арзишҳои миллӣ ва мазҳабии шумост. Вақте ки шумо муҷаҳҳаз шудед ва арзишҳои милливу мазҳабии худро дар андеша ва фикри худ ҷой додед, дигар мушкиле нест, ки шумо ҳар рӯз вориди интернет бишавед ё ки ба шумо даҳ итиллоот бирасонанд, чандин китобро бихонед, ҳатто китобҳоеро, ки алайҳи андеша ва мазҳаби шумост, зеро дигар ба шумо таъсир намерасонад. Дуруст мисли он найзае, ки ба ҷавшан бармехӯрад ва ба замин меафтад ва осебе ба бадани шумо нахоҳад расид. Аммо агар бадани шумо ин ҷавшанро надошта бошад, камтарин неши мӯрча ҳам ба шумо таъсир мерасонад. Шумо набояд ба баданаи фикрии худатон ҳатто як ҷои холӣ дошта бошед, ки аз он ба шумо зарба зада шавад.
Пошнаи Ошил
Дар илми ҷомеашиносӣ як истилоҳ ҳаст. “Пошнаи Ошил”, ё ба русӣ “Ахиллесова пята”. Агар аз асотири юнонӣ хабардор бошед, дар асотири юнонӣ як қаҳрамон аст бо номи Ошил ё Ахиллес. Ӯро модараш ба гунае тарбия кард, ки баданаш бисёр қавӣ бошад, мустаҳкам бошад, аз ҳама гуна бемориҳо ва осебҳо наҷот ёбад. Модараш ҳар субҳ ӯро аз пояш мегирифту дар оби сард чанд маротиба фурӯ мебурд то ин ки бадан обу тоб ёбад ва то ба ҳадде баданро обу тоб дод, ки дигар аслан ҳеҷ найзаву камон ҳам таъсир намекард. Бадану пӯсташ ба як ҷавшан табдил ёфт, ки душманҳо дигар намедонистанд бо ӯ чӣ кор кунанд, чун баданаш комилан аз сар то ба нохун ба як ҷавшан табдил шуда буд.
Душманон аз дояаш пурсиданд, ки сирраш дар чист? Чаро мо наметавонем ӯро нобуд кунем; на бо шамшеру на бо найзаву на бо ҳеҷ силоҳи дигар. Дояашро, ки душманон харида, ба ӯ пора дода буданд, гуфт, ман як сирро ба шумо боз мекунам. Аз хурдӣ модараш ӯро бо ин равиш обу тоб медод, ки аз як пояш мегирифту ӯро ба об фурӯ медод ва тамоми баданаш обу тоб ёфтааст магар ҳамон ҷое ки асари дасти модар аст, ки ҳар субҳ модараш аз ҳамон ҷо мегирифт. Агар тири шумо ба ҳамон ҷо бархӯрд, бидонед, ки Ошилро нобуд кардед. Дигар ҳеҷ ҷо таъсир нахоҳад кард.
Душманон ин нуктаро дарёфтанд ва ба ҳамон ҷои пояш шамшер заданд ва қахрамон аз байн рафт. Бубинед, як нуқтаи кучак дар бадани обу тобёфта боис шуд, душман битавонад ӯро аз он зарба бизанад.
Мо вақте ки худро аз лиҳози фарҳангӣ, илмӣ, аз лиҳози андеша қавӣ бикунем ва барои худ ҷавшан бисозем, вале як қисмате аз ҷавшан пурра набошад, масалан аз лиҳози ахлоқӣ ё фикрӣ ё мазҳабӣ, мо пурра нашавем, мутмаин бошед, ки ба баданаи андешаи шумо як зарбае ворид хоҳад шуд. Бино бар ҳамин, тавсияи мо барои ҳар як ҷавон ин аст, ки бояд ҷавшане аз арзишҳои миллӣ-мазҳабӣ барои худ бисозад.
2. Таваҷҷӯҳи бештар ба илму андеша:
Нуктаи дигаре мехостам болояш ишора кунам, ин таваҷҷӯҳи бештар ба илм ва андеша аст. Ман чаро илму андешаро паҳлӯи ҳам мегузорам. Илм бе андеша аслан ҳеҷ нафъе надорад. Шумо агар олим ҳам бошед, андешаи он надошта бошед, ки ин илми шумо чӣ гуна истифода мешавад, тақрибан ба ҳамон ҳолате хоҳед расид, ки илми Эйнштейн, ки бомбаи атомиро ихтироъ кард. Гарчи ин як таҳаввуле азим дар илми башар буд, аммо чун дар паҳлӯяш андеша набуд, ба чӣ оварда расонд? Ба кушта шудани садҳо ҳазор ҷопонӣ дар Хирасима ва Нагасаки. Ин илм табдил шуд ба як силоҳи куштори ом. Ҳар илми дигаре ҳам, бидуни андеша ва бидуни ахлоқу маънавиёт, метавонад ба як силоҳи пурдаҳшат алайҳи башарият табдил ёбад. Бино бар ҳамин, мо ҳар ҷое ки илмро истифода мебарем ё дар борааш сӯҳбат мекунем, бояд дар паҳлӯяш андеша ва маънавиёт ҳам бошад.
Таъкиди мо барои насли оянда ва хусусан касоне ки ҷаҳонбинии эътиқодӣ ё ки арзишҳои мазҳабӣ барояшон муҳим аст – ва ман мутмаиннам, ки аксари ҷавононе, ки ба ин ҷо омадаанд, бештар ба суроғи маънавиёту ахлоқ ва арзишҳои мазҳабӣ ҳастанд – (таъкиди мо барои эшон) ин аст, ки таваҷҷӯҳи бештар болои илм ва андеше дошта бошанд.
Эътиқоди минҳои илму андеша судманд нест
Эътиқод, ба танҳоӣ инсонро ба ҳеҷ куҷо намебарад. Эътиқоди холӣ ва отифа ва эҳсосоти танҳо инсонро мекашонад ба тарафи ифрот ва тундравӣ агар дар паҳлӯяш мо як канале ва як ҷуйборе аз илму андешаву маънавиёту ахлоқ надошта бошем. Шумо биравед Куръонро ҳифз кунед, ҳадисҳоро ҳамаашро аз бар кунед, тамоми улуми исломию мазҳабиро биомӯзед, аммо фикр накунед дигар ин ба шумо нафъе хоҳад расонд агар дар паҳлӯяш маънавиёт, андеша, таҳлил ва дарки дурусти ин захираву сарвати илмӣ набошад. Беҳуда Мавлоно нагуфта буд, ки:
З-он ки аз Қуръон басе гумраҳ шуданд,
З-он расан қавме даруни чаҳ шуданд.
Мар расанро нест ҷурме, эй ануд!
Чун туро савдои сарболо набуд.
Бисёриҳо оятҳои Куръонро мехонанд, ҳамчун як сарвати бебаҳо аз худ мекунанд, ҳамчун як арзиши динӣ, вале амиқ сарфаҳм нарафтаанд. Фаҳми ғалат, яъне дарки ғалати ин оят, на танҳо барои худашон, ки вориди чоҳ мешаванд, балки барои дигарон ҳам мушкилофарин аст. Мушкил дар ояти Куръону арзишҳо нест, мушкил дар он аст, ки нодуруст бардошт шуд. Матни як ҳадисро мехонанд, ба зоҳири он бисёр аҳамият медиҳанд, ки лозим аст, аммо ба муҳтавои он ва истифодаи торихии он, ки ин оят дар кадом нуқтаи торихӣ нозил шуд, барои кадом ҳодиса, манзур чӣ буд, ба он аҳамияти камтар медиҳанд, ва баъдан мебинем, ки як арзишҳои ғалате аз мутуни исломӣ бароварда мешавад.
Бино бар ҳамин, таъкиди мо бештар ба илму андеша аст. Як инсони муосир ва як ҷавони муосир наметавонад дар оянда бидуни илм ва текнолоҷӣ ба динаш хидмат кунад. Шумо ҳар кадоматон, ки мехоҳед ба дин ва ба миллати хеш хидмат кунед, назари шахсӣ ва тавсияи ман ин аст, ки бояд дар тамоми масоили илмию текнолоҷӣ рақами як бошем.
Бубинед, фақат ба хотири он ки як нафар андешаи исломӣ дорад, дар Осиёи Марказӣ аллакай нигоҳ ба ӯ шубҳанок аст. Ҳоло дар Урупову дар Ғарб дунболи он нестанд, ки шумо масалан як нафари дунёвӣ ҳастед, динӣ ҳастед, атеист ҳастед, мулло ҳастед, балки фақат ба хотири он ки шиносномаи шумо мутааллиқ ба як кишвари исломӣ аст, ҳамин кофист, ки ба шумо дар фурудгоҳҳо ва дар ҷоҳои расмӣ як нигоҳи шубҳанок дошта бошанд.
Насиҳати як дӯсти муборизакунанда алайҳи “терроризм”
Ман ёдам ҳаст, ки бо як дӯсти узбакистониям - ки Худо ҷояшро ҷаннат кунад, шунидам, ки даргузаштааст - баъди ҳодисаҳои Ню-Йорк; баъди таркишҳое, ки дар соли 2001 (11 сентябр) ба вуқӯъ пайваст, сафари урупоӣ доштем. Дар фурудгоҳи Франкфурт ҳамаи мо шаҳрвандони “истонҳо”-ро бурданд ба ҷои алоҳида барои санҷиши иловагӣ. Ва вақте ки савол шуд аз ин хонуми афсари фурудгоҳи Франкфурт, ӯ гуфт, ки мо дастур дорем, ки ҳамаи шаҳрвандони “истонӣ” як тафтиши иловагиро бигузаранд. Чун ин дар пайи ҳодисаҳои Ню-Йорк буд. Баъд, он дӯсти узбакистонии мо хеле ошуфта шуд, номаш агар аз ёдам нарафта бошад Алишер Абдураҳмонов буд. Ӯ хеле ошуфта шуд, гуфт, ки шумо моро таҳқир мекунед, чаро бо мо ин тавр муносибат мекунед? Ман дар ватани худам бо ин террористону ифротгароҳо мубориза мебараму чандини онҳоро зиндонӣ кардам ва аслан вазифаи ман мубориза бо ин ифротгароҳову террористону экстремистҳо аст, ва имрӯз шумо маро; дӯсти худатонро, ки бо шумо ҳамкор ҳастам, дар ин ҷо тафтиши иловагӣ мегузаронед? Хеле ошуфта буд, вале он хонуми олмонӣ хеле оромона гуфт, ки ман шуморо мефаҳмам, вале ман дастур дорам, ки ин корро анҷом диҳам...
Баъд ҳамроҳи он дӯстам, ки мерафтам, ба ӯ гуфтам, дӯсти азиз! Ин мову шумо дар Осиёи Марказӣ якдигарро экстремисту террористу дунёвию динӣ мехонем, аммо ин ҷо, ҳамаи мо барои инҳо, барои мардуми Ғарб мусалмон ҳастем, новобаста аз он ки андешаамон чист. Ҳамин ки шиносномаи мо, шиносномаи як кишвари мусалмон аст ва номат номи мусалмонӣ аст, дигар наметавонӣ дар ин ҷо исбот кунӣ, ки дорои кадом андеша ҳастӣ, аслан беҳуда аст ин корҳо. Ягона роҳи мову шумо дар он аст, ки дар ватани худамон забон биёвему якдигарро террористу экстремисту атеисту диниву дунявию дигару дигар нахонем, як чеҳраи нави замонавии мусалмонро муаррифӣ кунем, ки дигар ҳеҷ кас аз мо натарсад. Агар ду мусалмони террорист дар ҷаҳон ягон кор кунанд, мутмаин бош, ки дар тамоми ҷаҳон вазъи ману шумо ҳамин ҳаст. Моро тафтиши иловагӣ мекунанд модоме ки Абдураҳмону Муҳиддину Салиму Раҳим ҳастем. То модоме ки дорандаи шиносномае бошем, ки охираш “истон” аст, ин мушкилро хоҳем дошт. Масъулияти мову шумо ин аст, ки як чеҳра ва ба истилоҳ як имеҷи мусалмони муосирро дошта бошем. Албатта кори осон нест, воқеан ҳам заҳмат мехоҳад. Шумо бояд нисбати дигарон чанд баробар бештар кор кунед.
Сухане сода ва ҷолиб аз як муҳоҷири тоҷик
Як ҳарфи бисёр содаву ҷолибро як муҳоҷири тоҷик чанд рӯз пеш дар Москва ба ман гуфт ки воқеан ҳеҷ таҳлиле бартар ва беҳтар аз онро аз сӯи ягон сиёсатшинос ва журнлист надида будам. Он ҷавон гуфт, ки мо тоҷикон барои ҳар як милисияи Русия шубҳанокем, дигар наметавонем исбот кунем, ки мо нияти нек дорем ва фақат барои кор кардану зистан омадем, дар ҷайбамон на силоҳ асту на тиру на касеро тарконданӣ ҳастем. Гуфт намедонам чӣ кор кунам, чӣ гуна исбот кунем ба ин мардум, ки мо ягон нияти бад надорем. Ҳамин тоҷик буданамон кофист, ки ба мо чунин муносибат шавад. Ба ман гуфт, вазъи мо дақиқан шабеҳи ҳамон вазъияте, ки шумо наҳзатиҳо дар Тоҷикистон доред мебошад, ки ҳарчанд талош мекунед ва мегӯед, ки ватанро дӯст медореду нияти нек доред ва барои ватан ҷуз хайр намехоҳед, бо ин ҳама, нигоҳ ба шумо шубҳанок аст; нигоҳ ба ҳар ҷавоне, ки риш дораду ба ҳар хоҳаре, ки сатр дораду ба ҳар нафаре, ки аз дидгоҳи мазҳабӣ ба масъалаҳо нигоҳ мекунад, шубҳанок аст. Гуфт, шояд вазъияти мо тоҷикон дар Русияро шумо наҳзатиҳо беҳтар дарк кунед, чун вазъи мову шумо як хел аст, бо ин тафовут, ки мо дар ҳиҷратему шумо дар ватан.
Ман баъдан фикр кардам ин ҷавоне, ки шояд донишгоҳ ҳам хатм накардааст, вале зиндагӣ ӯро ба як таҳлилгар табдил додааст, маҷбур кардааст, ки ба чунин як сатҳи баланд андеша кунад. Воқеан ҳам каме барои ман як такон буд, ки вазъи мо чист. Он ҳамватанони мо, ки барои ёфтани қути лоямут ба Русия ҳиҷрат кардаанд ва ба ҳамин хотир номи “муҳоҷир” гирифтаанд, метавон номи мову шуморо низ бо ин вазъияте, ки дорем, “муҳоҷир” номид, аммо ҳиҷрати мо, як ҳиҷрати андешаӣ аст дар ватан аст, мо муҳоҷири андешаӣ ҳастем.
Мо ҷисман дар ватан ҳастем, вале (руҳан) муҳоҷир ҳастем, андешаамон муҳоҷир аст, чун бисёр душвор аст исбот кунем, ки мо нияти баде надорем. Ва ба қавли русҳо, ки мегӯянд, “когда не можеш доказат, что ты не верблюд, лучше признайся что ты верблюд, так будед легче и тебе и другой стороне”. Агар беҳуда аст ва наметавонӣ исбот кунӣ, ки ту шутур нестӣ, инсон ҳастӣ, мегуяд, беҳтараш розӣ бош, ки шутурӣ. Ҷони ту ҳам халос ва вай ҳам ором мешавад. Набояд як инсон то ба ин ҳад бирасад, ки дигар натавонад ҳувияти худашро исбот кунад.
Аммо ҳарчанд душвор аст, вале мо роҳе дигар надорем, барои он ки исбот кард, бояд, ки даҳчанд хидмат кард, бояд, ки заҳмат кашид. Исбот кард, ки як ҷавони мусалмони муосир, аз дигарон беҳтар компютерро медонад, интернетро медонад, забонҳои хориҷиро медонад. Як хоҳари бо сатру бо ҳичоб, танҳо ҷояш кунҷи масҷиду мадраса ва ин ки дар ҷузвдонаш чандин китоби мазҳабӣ ҳаст нест, дар он ҷо шеър аст, илм аст, фарҳанг аст, китобҳои бадеӣ аст. Дар он ҷо Саъдиву Лоиқу Шекиспир аст, Гёте аст, Пушкину Толстой аст. Инро бояд мо барои худ барномаи амал кунем. На ба хотири он ки фақат мо ба дигарон нишон диҳем, ки як инсони муосир ҳастем ва ин ки ҳамаи китобҳоро чамъ кардаем то ин ки дигарон бубинанд ё ноутбукро дар пеши худ боз кунему бубинанд, ки бо ноутбук ҳам кор карда метавонем. Инро бояд дар андешаи худ ҷой кард, дар мағзи худ ҷой дод, бо он мусаллаҳ буд.
Перомуни суханрониям дар Берлин
Дар суханроние, ки ҳамин чанд рӯз пеш дар донишгоҳи Берлин доштам, чун як нишасти гушода буд, мардуми зиёде - аз дипломатҳои сокини Берлин то донишҷӯён - омода буданд. Ду се олмонӣ баъди сӯҳбат назди ман омаданд ва худро муаррифӣ карданд ва гуфтанд, ки мо аз ҷониби ростгароёни Олмон ҳастем; касоне ҳастем, ки муҳоҷирин ва ба хусус муҳоҷирини мусалмонро чандон қабул надорем, фикр мекунем, ки аксари мушкилоти Урупо аз дасти муҳоҷирин ва ба хусус мусалмонҳо аст ва вақте аз интернет даёфтем, ки дар ҳамсоягиямон (чун бинои донишгоҳ дар назди ҷои истикомати онҳо будааст) як суханронии раиси Ҳизби Исломии Тоҷикистон мешавад, хостем биёем ва шунавем ва чанд эроди худамонро нисбати шумо мусалмонҳо бигӯем. Он сӯҳбат гарчи тибқи барнома ҳудуди 40 дақиқа буд ва як соати дигар ҳам ихтисос дошт ба саволу чавобҳо аз тарафи иштирокчиён, аммо сеюним соат давом кард ва сӯҳбат хеле гарм буд. Як нафар олмониро шинондан дар толор, кори осон нест ва мардум ҳастанд, ки ба қадри вақти худ хеле мерасанд. Баъд он олмонӣ ҳамроҳи хонумаш назди мо омад ва гуфт, ки ман ку чандон ифротгаро нестам, вале хонумам шикоятҳои зиёд аз шумо мусалмонон дорад, аммо дар ин се соате, ки бо шумо дар ин толор нишастем, аслан аз он афсӯс намехӯрем ва беҳуда нарафт. Умед дорам, ки хонуми ман дидгоҳаш нисбат ба ислому мусалмонон дигар шуда бошад ва мо ҳатман давоми ин сӯҳбатро ҳамроҳи хонумам дар манзил хоҳем кард ва мехостем, ки як иртиботи бештар бошад. Ман гуфтам, ки мушкил дар ислому мо мусалмонҳо нест, гуфтам, ки мушкил дар камбуди маълумот дар бораи ислом аст. Шумо мутаассифона маълумоти камтар доштаед ва камтар бо мусалмонҳое вохӯрдед, ки фикр мекунанд арзишҳои муштарак доранд. Шумо исломро аз тариқи “Толибон”, аз тариқи Усома Бен Лодан, Алқоида ва чанд таркиш шинохтаед ва расонаҳои хабарии ғарбӣ ҳам ба шумо кӯмак карданд.
Бояд мантиқӣ буд, на эҳсосӣ
Нуктаи дигаре, ки мантиқан давоми нуктаи аввал аст ин аст, ки дигар вақти он расидааст, ки мо аз як инсони эҳсосотӣ ва отифӣ, ки мутаассифона аксари ҷавонони мусалмон дар сатҳи ҷаҳон ҳамин гуна ҳастанд, як инсони мантиқӣ ва амалгароро бисозем; ҳамоне, ки дар аввали сӯҳбат гуфтем, ки як ҷавшани қавӣ аз арзишҳои миллӣ ва мазҳабияш дошта бошад, вале хеле амалгаро ва мантиқӣ. Навад дар сади ҷавонони мусалмон дар ҷаҳон имрӯз эҳсосӣ ва отифӣ ҳастанд. Алабатта ман мефаҳмам, ки вазъият ба чунин ҳол расондааст. Шумо фикр мекунед, ки як ҷавони дар Ғазза будаи Фаластин, чӣ гуна бояд бошад вақте ки болояш бомбаафканӣ ҳасту тангу тӯп асту ҳар лаҳза фикр мекунад, ки ин лаҳза ё лаҳзаи дигар манзилаш хароб мешавад? Магар ӯ метавонад эҳсосотӣ набошад, отифӣ набошад? Ғаззае, ки шояд ноҳияи Рудакии мо масоҳаташ андаке аз он бузургтар бошад, чанд сол аст, ки дар муҳосара қарор дорад. Аммо, бо ин ҳама, дар дохили ин Ғазза, ҷавонони фаластинӣ як намоишгоҳи корҳои фарҳангӣ ташкил карданд. Дар канали Алҷазира медидам. Ҳар кас кори дастии худро; яке аз пластик ва дигаре зардузӣ карда, орзуи Фаластинро дар ин намоишгоҳ ба намоиш гузоштанд, дар ҳоле ки дар муҳосараи иктисодиву низомиву сиёсӣ қарор доранд. Ин ҷавони фаластинӣ эҳсосотӣ нашудааст, чун намешавад аз як эҳсосотӣ як фарҳанг офарид, вале бибинед, ки дар чунин шароит, онҳо дунболи илму фарҳангу санъат ҳастанд.
Пас вақти он расидааст, ки ҳар як мусалмони ҷавон эҳсосотӣ нашавад, эҳсосоти худро бишканад, бояд, ки фурӯ барад. Бояд як инсоне шавад, ки амалгарост, мантиқӣ аст, вале устувори матин. Ман бисёр мехостам, ки байни вожаҳо ва мафҳумҳое мисли амалгаро будан, мантиқӣ будан ва ҷасорату устуворӣ, мо фарқ бигузорем. Нашавад, ки мо баъзан дар зери мафҳуми амалгароӣ, ё мантиқӣ, ё эҳтиёткориву мулоҳизакорӣ, тарсу заъфи худро ҷой кунем.
Хеле вақтҳо як нафар ҷасорати гуфтан надорад, мегӯяд, ки ман як одами бисёр мантиқиву мулоҳизакору боэҳтиёт ҳастам. На, бародар! Ин ҷо дигар ҷои гуфтан аст, бояд, ки ба ҷасорати тамом, бо устуворӣ, дар чорчӯби қонун, бояд ҳарфи худро гуфт, вале бидуни эҳсосот ва бидуни отифа.


Қисмати дуюм

No comments:

Post a Comment