1/22/2011

"Ошкор бигӯянд, ки то 18-солагӣ масҷидравӣ мамнӯъ аст"

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ, ки рӯзи 17-уми январ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, пешнависи қонун дар бораи масъулияти падарон ва модаронро “дур аз воқеъияти ҷомеъаи мусалмонии кишвар” ва “мухолифи арзишҳои ҷомеъа” арзёбӣ кардааст.
Х. Сайфуллозода. Сурат аз сомонаи Озоди

Дар ин бора Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, таҳлилгари ин ҳизб, бо Шамсияи Қосим мусоҳибае ихтисосӣ анҷом додааст, ки фишурдаи онро дар инҷо мехонед.

Лутфан, шарҳ бидиҳед, ки шӯрои сиёсии ҳизби шумо кадоме аз бандҳои ин санадро қобили қабул намедонад ва онҳоро алайҳи арзишҳои ҷомеъа унвон мекунад? 

Дар мавзӯъи ин лоиҳа дар телевизиюни давлатӣ ба таври фармоишӣ касоне сӯҳбат мекунанд, ки мехоҳанд мушкилро аз болои худ дур кунанд, яъне муъаллимон ва кормандони маъориф. Онҳо тамоми мушкили таълиму тарбиятро ношӣ аз бетаваҷҷӯҳӣ ва бемасъулиятии волидайн талаққӣ мекунанд. Ба назари ҳизби мо, ин иддаъо ба воқеъият рост намеояд.
Воқеъият ин аст, ки мо натавонистаем дар як давлати миллӣ барои миллати соҳибтамаддун маъорифи аслӣ фароҳам кунем, ки ниёзҳоро бароварда созад ва маҳбубияти ҷавононро ба низоми маъориф ҷалб карда тавонад. Мушкил дар миллат нест, мушкил дар низоми маъориф аст.

Шӯрои сиёсии ҳизб ба ин эътиқод дорад, ки лоиҳаи ин қонун ҳам бо арзишҳои ҷомеъа созгор нест ва аз сӯйи дигар, Қонуни асосиро нақз мекунад. Мешавад ин нуктаро шарҳ бидиҳед?

Ин лоиҳа ҳуқуқи конститутсионии нафарро салб мекунад. Масалан, як падар ҳақ дорад фарзандашро тавре ки худаш зарурӣ медонад, тарбият кунад.
Интихоб бо ӯст, ки ба фарзанд таълими динӣ бидиҳад ё на, ҷамъӣ ва ё инфиродӣ. Аммо дар лоиҳа аз ин чизҳо тамоман сарфи назар шудааст. Бояд бигӯем, ки дар санадҳои байналмилалӣ бо сароҳат таъкид мешавад, ки ҳар кас ҳаққи таълими динӣ дорад.

Яъне ба гуфтаи Шумо, лоиҳаи ин қонун иҷозаи таълими диниро фароҳам намекунад? Ин ҳарф дар куҷои лоиҳа зикр шудааст?

Ҳамаи нукоте, ки мо бо он розӣ нестем, дар моддаи ҳафт омадааст. Нукоти зиёди ғайри қобили қабул дорад. Масалан, дар як маврид омадааст, ки падар бояд фарзандашро кунтрул кунад ва нагузорад, ки ӯ ба масҷид биравад.
Масҷид ин арзиши динии як мусулмон аст. Чӣ гуна як падари мусалмон хилофи раъйи Худованд ба фарзандаш бигӯяд, ки “ту масҷид нарав!”?
Аз тарафи дигар, як гуна ишора шудааст, ки фарзанд низ бояд дастури волидайни худро назорат кунад. Яъне, агар падараш ба ӯ мегӯяд ба масҷид бирав, вай бояд ба мақомоти зидахл иттилоъ бидиҳад.
Ин тарзи масъалагузорӣ хилофи воқеъияти ҷомеъа ва нигоҳи ақидатӣ аст! Ҳоло Қуръонро намегӯям, аммо Имоми Аъзам, ки ҷашни солрӯзи таваллудашро гирифтем, ҳушдор додааст, ки “Эй марди мусулмони тоҷик, фарзандатро аз 7-солагӣ намоз гузоштанро биомӯз!” Пас чи гуна падар бояд фарзандро аз ин кор манъ бикунад?
Дуруст аст, ки вай дар хона метавонад ба ӯ таълим бидиҳад, аммо асли таълими намоз ин намози дастаҷамъӣ аст, ки дар ҷамъи мардум фарзанд метавонад дар ин маврид комил бишавад.
Агар ин чизҳоро қонунгузорон ба инобат нагиранд, ин қонуне хоҳад шуд, ки шаҳрвандро ба қонуншиканӣ маҷбур мекунад. Яъне дидаву дониста, падарон ба фарзандонашон мегӯянд, ки "бигзор қонун нақз шавад, аммо ту бирав ба масҷид!"

Агар шӯрои сиёсии наҳзати исломӣ мехоҳад, ин бандҳоро тағйир бидиҳад, пешниҳоди онҳо чӣ аст? Оё пешниҳодҳои шумо мушаххас шудаанд?

Ҳанӯз не. Аммо тасмим шуд, ки мо дар тӯли як ҳафта ба таври изҳорот ва ё муроҷеъат санаде таҳия кунем ва шояд кунфронси матбуъотӣ низ барпо кунем.

Лоиҳаи мазкур ба баррасии умум пешниҳод шудааст, аммо чаро тарафдорони ҳизби шумо, ё чеҳраҳои мазҳабӣ ва ё афроде, ки мисли шумо ақида доранд, дар телевизиюни саросарӣ ибрози назар намекунанд?

Раиси Кумитаи родию ва телевизиюни давлатӣ дар нишасти хабарии охири худ аҳзобро ба ҳамкорӣ даъват кардааст ва мо аз ин даъват истиқбол мекунем.
Дар вокуниш ба ин даъват мо ба онҳо дархост ирсол хоҳем кард, ки ба мо фурсат бидиҳанд, то ки мо дар бораи лоиҳаи қонун дар бораи масъулияти волидайн ибрози назар кунем.
На танҳо дар ин маврид, агар Кумитаи родию ва телевизиюн дарвоқеъ дигар намехоҳад, ки дари телевизиюни давлатӣ ба рӯйи намояндагони аҳзоби мухолиф баста бошад, мо хеле хуш ҳастем. Агар ин кор сурат бигирад, мумкин аст баъзе аз уламои динӣ тавонанд дар мавзӯъҳои мухталиф дар телеизиюн баромадҳо (суханрониҳо) кунанд.
Аммо ду маврид аст, ки то ҳоло ин гуна афрод дар барномаи “Микрофуни озод”-и телевизиюни давлатӣ баромад намекунанд. Яке ин ки истифода аз ин гуна барномаҳо дигар мантиқ надоранд ва дувум ин аст, ки ин шахсиятҳо ҷоиз намедонанд, ки омада, ибрози назар кунанд ва дар сурате ки барои тараф қобили қабул набошад, сӯҳбати онҳо “бурида” шавад ва ё пахш нашавад.

Оё мавридҳое буданд, ки намояндагони шумо ва ё уламои дин дар телевизиюн сӯҳбат карда бошанд ва ин сӯҳбатҳо пахш нашуда бошад?

Аз таҷрибаи пеш мегӯям, ки чунин мавридҳо буд. Масалан, намояндагони мо дар бораи пешнависи қонуни танзими расму ойинҳо ва дигар қонунҳо сӯҳбат карда буданд, вале фақат сӯҳбати як намояндаи моро пахш карда буданд ва дигар мо ҳеҷ чиз надидем.
Аз бархе чеҳраҳои маъруфи динӣ ман шунидам, ки гуфтанд бефоида аст рафтан ба “Микрофуни озод”.

Оё қаблан дархосте ба Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ ироа кардаед? 

Не, накарда будем. Ин бори нахуст аст, ки мехоҳем дархост кунем. Зеро пахш накардани сӯҳбатҳои намояндагони ҳизби мо дар телевизиюни давлатӣ собиқаи тӯлонӣ дорад.
Масалан, дар давраи зиндагии устод Нурӣ, ман худам шоҳид будам, ки се маротиба омада, сӯҳбатро сабт карданд, вале пахш нашуд. Ахиран, ду маротиба бо Кабирӣ сӯҳбат карда буданд ва ҳеҷ кадомаш пахш нашуд. Дар телевизиюни “Сафина“ ҳам ҳамин тавр.
Аммо ҳоло ки раҳбарии кумита худ аҳзобро ба ҳамкорӣ даъват кард, мо аз ин фурсат истифода мекунем ва барояшон пешниҳод мекунем.

Баргардем ба эътироз ва норизоятии шумо нисбат ба лоиҳаи қонун дар бораи масъулияти волидайн. Шумо воқеъан бовар доред, ки иддаъоҳои шумо дар ин замина ба эътибор гирифта хоҳанд шуд? Бо дарназардошти таҷрубаи ҳамкорие, ки бо давлат то ҳоло доштед? 

Албатта, мо чандон бо давлат ҳамкорӣ надоштем. Ягона ҳамкории мо бо давлат ин буд, ки мо тавонистем суботро ба ҷомеъа баргардонем. Вале баъд аз ин дигар кадом ҳамкорие набуд.
Хеле мехостем, ки давлат на фақат бо мо, балки бо ҳамаи аҳзоб ҳамкорӣ дошта бошад. Аммо аз таҷрибае, ки доштем, ман баъид медонам, ки пешниҳодҳои мо мавриди қабули ҷониби дигар бошанд. Чунки дар ҳукумат доираи хоссе ҳаст, ки нисбат ба дин ва арзишҳои динӣ бадбин ҳастанд.
Метавонам бигӯям, ки аз таҷрубаи кишварҳое ба монанди Тунис, режими Отатурк ва дигар кишварҳои тоталитарӣ ва ё ба ном дунявӣ истифода карданианд, ки ин ҳеҷ гоҳ ба манфиъат нахоҳад буд.
Вақте қонун ё лоиҳа бо номи президент, на раиси ҳукумат, таҳия мешавад, ин дигар бозгӯи он аст, ки ҳеҷ чиз дар инҷо қобили тағйир нест, ба ҷуз аз таҳрирҳои ҷузъӣ.

Оё вақте намояндаи шумо дар порлумон лоиҳаи ҷудогонаи қонун дар бораи озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои диниро пешниҳод кард, давлат аз нукоти он лоиҳа истифода накарда буд? 

Аз ин лоиҳа ҳеҷ чизе қабул нашуд, ҳатто ягон бандеро аз он нагирифтанд, ки дар лоиҳаи худ ворид кунанд. Аммо кадом ишораеро аз онҷо бардоштаанд ва гуфтанд, ки мо аз лоиҳаи ҳизби наҳзати исломӣ ҳам истифода кардем.
Яъне, мо ба истилоҳ, зери “двойной удар” (зарба аз ду тараф) мондем. Гӯё мо дар қабули ин гуна қонун гунаҳкор ҳастем. Дар ҳоле ки ҳеҷ гоҳ ин бандҳоро мо дар лоиҳаи худ надоштем. Лоиҳаи мо фақат дар бораи озодиҳо мегуфт. Дар ҳоле ки қонуни қабулшуда аз маҳдудиятҳо масъалагузорӣ мекунад.

Давлат мегӯяд, ки ҳадафи қабули қонун дар бораи масъулияти падарон ва модарон боло бурдани сатҳи таълим ва тарбияти фарзандон аст. Шумо ин ҳадафро қабул доред?

Масъала ду паҳлӯ дорад. Ин ки давлат мехоҳад низоми таълим дуруст бошад, ман инкор намекунам, аммо меконисми дуруст кардани низоми таълимро мо қобили қабул намедонем.
Зоҳири масъалагузории ин гуна қонунҳо як чиз аст, аммо асли масъала дигар аст. Зоҳири масъала боло бурдани таълиму тарбият аст. Аммо бояд ошкор бигӯянд, ки навраси мусалмон то 18-солагӣ ҳаққи намоз хондан надорад. Ошкор бигӯянд, чаро манёвр мекунанд?

Аммо омӯзгорони мактаб ва устодони донишгоҳҳо дарвоқеъ шикоят мекунанд, ки ҷавонон дарсҳоро 
тарк мекунанд ва ба масҷид барои намозгузорӣ мераванд, ки ин кор аз таҳсили онҳо монеъ мешавад?

Ин дурӯғи маҳз аст. Бубинед, ҳарф дар бораи як намоз аст, ки баҳс бештар сари он аст. Он ҳам дар ҳафта як маротиба – рӯзи ҷумъа. Барои гузоштани намози ҷумъа мешавад, ки соъати 12:45 ба масҷид ҳозир шаванд.
Онҳо мегӯянд дарсро партофта мераванд, аммо нарафтан ҳамагӣ ба як дарс оё тамоми низоми таълимро аз байн мебарад? Агар мо дар мактаб тамоми ниёзҳои навҷавононро фароҳам кунем, ӯ ба ҳеҷ куҷо намеравад. Вай руҷӯъ мекунад ба ҳамон ҷойе, ки барои худ чизе дарёфт мекунад.
Агар як навҷавон ба масҷид меравад, яъне ниёзе вуҷуд дорад дар ӯ, ки ӯ меравад. Агар вай кӯча меравад, ниёзе вуҷуд дорад, ки ӯ ба кӯча меравад. Агар мактаб ё донишгоҳ ниёзҳои ӯро бароварда кунад ва ҳар он чизе ки ӯ ба он ниёз дорад, дар инҷо пайдо кунад, ӯ ба ҷойе дигар намеравад.
Маҳдудият дар ин замина роҳи ҳал нест. Ҳар чи мамнӯъ аст, бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад. Аммо ба назарам, пешниҳодҳо ва мулоҳизаҳои мо дар ин замина ба инобат гирифта намешаванд, чун ангезаи таъассуб вуҷуд дорад.
Аслан бигирем, мо дар қонунҳои дигар - ҳам қонуни маъориф ва ҳам оила ва дигару дигар, ки қабул шудаанд, моддаҳо ва бандҳое, ки барои беҳбуди таълим ва тарбияти фарзандон пешбинӣ шудаанд, дорем. Агар мехоҳем сатҳи таълиму тарбият боло равад, бояд танҳо ҳамон қонунҳо мавриди иҷро қарор бигиранд.

На ҳамаи ин бандҳо. Дар қонунҳои дигар, масалан, банде, ки дар он волидайн рафтани кӯдакон ба масҷидро мамнӯъ кунанд, вуҷуд надорад. Ин муқаррарот нав аст.

Бале, дақиқан. Инҷо акнун қазия ошкор мешавад. Пас мефаҳмем, ки қонун барои чӣ таҳия шудааст. Ҳамаи қонунҳое, ки ахиран таҳия шудаанд, дар контексте таҳия мешаванд, ки гӯё давлат муносибати худро ба дин мушаххас мекунад. Аммо ин корҳоро мушаххас кардан лозим нест. Маънои он ошкор аст – маҳдуд кардан ё динситезӣ ё дингурезӣ аст.
Дуруст аст, ки мо мегӯем ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо ҳастанд, аммо худи ислом дар чорчӯбаи ташкилот нест, ислом тамоми умури зиндагии як мусулмон аст.

Аммо дар ҳоле ки худи раиси ҷумҳури кишвар аз минбарҳо ба мусулмон будани худ таъкид мекунад ва “алҳамдулиллоҳ” мегӯяд, чи гуна метавонем гӯем, ки давлат аз рӯйи кунсепсиюни динситезӣ ё дингурезӣ фаъолият мекунад? Раиси ҷумҳур бо кобинааш ҳатто ба Ҳаҷ низ рафтааст. 

Мо намегӯем, ки ҳар касе дар давлат аст ва ё ҳатто кумунистҳо берун аз ислом ҳастанд. Раиси ҷумҳур ҳам босароҳат аз минбарҳо “Алҳамдулиллоҳ, ман мусулмон ҳастам” мегӯяд. Инро ҳеҷ кас инкор намекунад, баръакс эҳтироми ӯ баланд мешавад.
Ҳатто агар мегӯянд президент суханронияшро бо “бисмиллоҳ” оғоз кард, худи ӯст, ки нуфуз касб мекунад, на каси дигар. Вале агар дар ҷойе хос, ки дар онҷо ангезаи мусулмонӣ бештар аст, онҷо бигӯем, аммо ҷойе ки зарурат надорад, намегӯем, ин чизи дигар аст.
Мусулмон дар ҳамаи маворид оғози кораш бояд аз “бисмиллоҳ” бошад, на ин ки аз “бисмиллоҳ” манфиъат биҷӯяд.
Ба мо ҳам Саид Абдуллоҳи Нурӣ мегуфтанд, ки нашавад, ки намояндаи мо дар порлумон равад “галстук” бандад, чун онҷо зарурат ҳаст ва ба ҷойе дигар раваду тағйири либос кунад. Яъне мо бояд зиндагии шаффоф дошта бошем, яъне инсон бояд як чеҳра дошта бошад.

Дар ҳар сурат, тасмимҳое, ки давлат, бахусус дар зарфи як соли ахир дар умури дин иттихоз кард, пас аз фаъолтар шудани гурӯҳҳои мазҳабии ифротӣ дар кишвар будааст.
Оё гумон намекунед, ки ҳоло мусулмонони одӣ дар Тоҷикистон бояд бештар ҳамон гурӯҳҳои ифротии исломиро гунаҳкор ҳисобанд, ки барои онҳо “хидмати хирсона” анҷом додаанд? 

Бале, мо рад намекунем, ки ин гуна гурӯҳҳое, ки Шумо гуфтед, на танҳо “хидмати хирсона”, инҳо танҳо бар зарари ислом кор кардаанд. Дар ин маврид ҷойи баҳс нест.
Аммо ман ба ин назар ҳастам, ки терурисм як сиёсати ҷаҳонӣ аст. Он на чизест, ки Эмомалӣ Раҳмон ва ё Ислом Каримов битавонанд аз байн бибаранд. Ҳатто агар ҳардуи инҳо нерӯҳояшонро муттаҳид кунанд ҳам, онро аз байн бурда наметавонанд.
Ин як сиёсати жиюпулитик аст, ки бозигарони аршад дар ҷойи лозим аз он истифода мекунанд, лозим бошад, аз байн мебаранд, лозим бошад, дубора эҳё мекунанд.

Манзуратон кишварҳои абарқудрат аст?

Қудратҳои ҷаҳонӣ гуфта наметавонам, аммо доираҳои хоссе ҳастанд. Ин гуна доираҳо метавонанд дар кишварҳои ғайриқудратманд ҳам бошанд. Ҳадафи онҳо корест, ки исломро дар сатҳи байналмилалӣ бо чеҳрае хушунатбор, ифротӣ ва ҷангҷӯ нишон бидиҳанд.
Аммо албатта, ин ба он маънӣ нест, ки давлат набояд ҳеҷ коре алайҳи инҳо анҷом бидиҳад. Мо ҳеҷ гоҳ намегӯем, ки давлат алайҳи терурисм мубориза накунад ва худамон ҳам ҳамеша терурисмро маҳкум кардаем.
Дар ягон ҷойи ислом гуфта нашудааст, ки бо ҳамин тарз бояд мубориза кард. Агар ҷояш омад, ҷиҳод мешавад ва ин дар ҳамон ҳолате мешавад, ки тамоми арзишҳои исломӣ, манфиъатҳои ҷомеъаи мусулмонӣ дар хатар ҳастанд. Дар ин ҳолат ногузир зарурати ҷиҳод пеш меояд.
Вале ҷиҳод аз ҷониби як шахсияти воқеъии мусулмон, шахсе, ки мақоми шоистае дар ҷомеъа дорад эълом мешавад, на аз сӯйи ҳар касе, ки худро хостааст дифоъгари ислом хонад. Дар ин сурат он наметавонад ҷиҳод бошад.
Барои ҳамин, мо ҷонибдори он ҳастем, ки давлат бо ин гуна гурӯҳҳо мубориза кунад, аммо бояд дониста бошем, ки дар бозии дигарон шомил нашавем.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/01/110119_sq_saifulazade_interview.shtml

No comments:

Post a Comment