2/09/2011

Изҳороти Шӯрои Сиёсии ҲНИТ

Шӯрои Сиёсии ҲНИТ ҳодисаи суиқасд ба ҷони узви Раёсати Олии ҳизб ва  сармуҳаррири ҳафтаномаи "Наҷот" Ҳикматулло Сайфуллоҳзодаро шадидан маҳкум намуда, онро як амали тарҳрезишуда алайҳи ҲНИТ ва  шахсиятҳои он  меҳисобад. Ин амали ноҷавонмардона идомаи фишорҳо ва фазосозиҳоест, ки вақтҳои ахир алайҳи ҲНИТ аз тарафи доираҳои муайян сурат мегирад ва барои эҷоди тарсу ваҳм дар байни аъзо, тарафдорон ва ҷомеъаи кишвар равона шудаанд.

Тоҷикистон пас аз сулҳи ваҳдатофарин муддате дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи солими сиёсиву фикрӣ қарор дошт, ки боиси рушди нисбии иқтисодӣ- иҷтимоии кишвар ва болоравии обруву ҷойгоҳи миллат гашта буд. Вале солҳои ахир каҷравиҳо дар ин раванд ва бозгашт аз арзишҳои тақдирсози ваҳдати миллӣ эҳсос мегардад, ки аз тарафи коршиносон ва аҳли ҷомеъа қаблан ҳам таъкид шуда буд. Арзишҳое мисли мардумсолорӣ, гуногунандешӣ, озодии виҷдон ва матбуот ба тадриҷ заъиф гашта, ҷои онро таҳкими усулҳои авторитарии идораи давлат, фасоди моливу идорӣ, поймолшавии ҳуқуқҳои диниву сиёсии шаҳрвандон ва нодида гирифтани ниёзу хостаҳои мардум ишғол менамояд. Ин ҳолат наметавонад нерӯҳои солими кишварро бетараф бигузорад ва табиист, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ, васоити ахбори омма ва равшанфикрон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор мегирад. Ҷои таассуф аст, ки  баъзе доираҳо ба ҷои ислоҳи вазъ ва бартараф кардани камбудиҳо даст ба  душмантарошӣ ва  фазосозиҳои носолим  алайҳи дигарандешон мезананд. Ба ҷои  муколама, ҳамкорӣ  ва ҳамдигарфаҳмӣ шеваҳои номатлуби муносибат бо ҳизбҳои сиёсии мухолиф, рӯзномаҳои ғайридавлатӣ ва шахсиятҳои мустақил пеш гирифта мешавад, ки  ин ҳама заминаро барои ворид шудани кишвар ба як марҳалаи носолими сиёсӣ фароҳам месозад.

ҲНИТ қаблан ҳам аз инҳироф дар раванди муколамаи миллӣ , натиҷагириҳои яктарафаи сулҳу ваҳдат ва дур шудан аз арзишҳои он изҳори нигаронӣ намуда буд. Бахусус пас аз интихоботҳои парлумонии соли 2010  муносибат бо ҳизбҳои сиёсӣ комилан аз чорчӯби  рақобати солими сиёсӣ берун рафт, ки нишонаҳои он дар мавқеъгириҳои расмӣ ва ғайрирасмии намояндагони мақомоти давлатӣ зоҳир мегарданд.
ҲНИТ масъулияти маънавии  суиқасд алайҳи намояндаи худро қисман ба души доираҳое мегузорад, ки бо назарҳо,  таҳлилҳо ва ишораҳои ғаразнок ва сиёсатзадаи худ заминаро барои содир намудани чунин ҷиноят фароҳам сохтанд.

Бояд таъкид кард, ки истифодаи   хушунат  ва даҳшатафканӣ дар рақобатҳои сиёсӣ ва андешаӣ дар ҳама ҳолат  номақбул мебошад. Истифода аз чунин василаҳои ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқӣ алайҳи сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва фаъолони сиёсӣ на танҳо ҷиноят аст, балки хатари бузурге ба амнияти миллӣ ва суботи ҷомеъа маҳсуб мешавад.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар баробари шадидан маҳкум кардани ин  ҳодиса, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қотеъона талаб менамояд, ки фармоишгарон ва иҷрокунандагони ин ҷиноятро ҳарчӣ зудтар ошкор намояд ва ба ҷавобгарӣ кашад. Аз тарафи дигар, иқдомҳои амалиро барои қатъи фазосозиҳои носолим алайҳи ҳизбҳои сиёсӣ, расонаҳои мустақил ва арзишҳои динӣ ба роҳ монда,   амнияти шаҳрвандон, бахусус фаъолони сиёсӣ, равшанфикрон ва  рӯзноманигорон андешида шавад.

Ҳамзамон Шӯрои Сиёсии ҲНИТ аз мақомоти давлатии кишвар, ҳизбҳои сиёсӣ,   воситаҳои  ахбори омма, созмонҳои ғайридавлатӣ ва шаҳрвандон даъват менамояд, ки барои баргардонидани фарҳанги  муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ ба фазои сиёсии кишвар талош намоянд.
08-02-2011
шаҳри Душанбе

http://www.nahzat.tj/k/1/t/2142-2011-02-08-12-29-17.html

No comments:

Post a Comment