2/04/2011

Суҳбати М. Кабирӣ бо ҷавонон (29.01.2011): Танҳо дар фикри худамон набошем

Ҳадафи ин нишастҳо танҳо муколамаву гуфтугу бо ҷавонон

 Аз яко-яки шумо барои ташриф оварданатон ба ин суҳбат миннатдор ҳастам ва иншоаллоҳ умед дорем, ки мисли пешин ба саволу ҷавоб ва пешниҳоду назарҳои муфид ҳам ба Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ба раҳбарияташ ва ҷавонону хоҳарон анҷом хоҳад шуд.
            Ҳамон тавре, ки дар суҳбати қаблӣ, ки мо бо шумо як чанд мавзуъро матраҳ карда будем ва ба хусус дар раванди ҷаҳонишавӣ ва масъулияти мусалмони муосир суҳбат доштем ва атрофи чанд бахше аз ин масъалаи бузургро матраҳ карда будем. Бояд гуфт, ки аз он суҳбат то ба имруз аз тариқи расонаҳои хабарӣ ва ба хусус дар торнамои Наҳзат, ки мустақиман пахш шуда буд, воқеан аз дохили кишвар ва аз хориҷ низ вокунишҳои хеле зиёд шуд ва номаҳои зиёде ба мо расид, ки дар он  бародарон ва хоҳарони шарифи мо хеле андешаҳои хуб матраҳ карданд. Бад намебуд, агар дар шуруъи суҳбат як муруре аз суҳбатҳои қаблӣ карда бошем ва чанд мулоҳиза ва андешаҳое, ки бародарони донишҷуйи ҷавони мо аз хориҷу дохили кишвар ба мо навистаанд, барои шумо шарҳ дода шавад. Чун мақсади ин суҳбатҳо низ аз он иборат аст, ки мо бояд думболи андешаву фикр бошем ва дар чунин шароитҳои печидаи ҷаҳон ва минтақаву кишвар, як роҳи ҳалеро пешниҳод карда бошем. Ҳамагон думболи роҳи ҳал ҳастем, то ин, ки ҷавонони миллатро аз ин газандҳо ва офатҳои зеҳнию фикрие, ки ба сари миллат рехта истодааст ҳифз кунем ва ҳам битавонем рисолати худро анҷом бидиҳем, чун ҳар кадоми мо як рисолате дорем, ки на танҳо бояд худамонро ҳифз кунем, балкӣ дигаронро ҳам кумак расонем, то ки дар муқобили ин ҳама чолишҳо ва газандҳо солим бимонанд.
            Дар шуруъи суҳбат мехостам, ба хидмати шумо чанд нуқтаро арз кунам. Ҳамон тавре, ки аз бидоят мегуфтем, ки мақсад аз ин нишастҳо танҳо барқарор кардани муколамаву гуфтугу бо ҷавонон, ки қишри муҳими ҷомеа ҳастанд, мебошад. Ҳадаф суҳбат кардану роҳи ҳал пайдо кардан аст, на баррасии мавзуъҳои ихтилофангез, чӣ дар масоили фиқҳӣ бошад ва чӣ дар масоили сиёсӣ. Ман аз ҷавонон ва аз тамоми иштирокчиён хоҳиш мекунам, ки масъалаҳоро бисёр бо диққат муносибат кунанд. Чандин бор таъкид кардам, ки ҳаракат дар ин нишастҳо аз ду ҷониб бошад ва инчунин аз нуқтаи назари дигарон ҳам бохабар бошем.
            Тибқи маълумот, ҳоло дар ин суҳбати мо низ бародарону хоҳарон аз тамоми гушаву канори ҷаҳон мустақиман пайваст ҳастанд ва моро шунавида ва дида истодаанд ва дар рафти суҳбат бо саволу ҷавоб ва мулоҳизаҳои худашон бо мо хоҳанд буд. Мо набояд чунин тассавур кунем, ки ин суҳбат фақат моли мову шумо аст, балки инро алакай дар тамоми ҷаҳон аз тариқи пахши мустақим дида истодаанд.

Набояд аз контексти суҳбат танҳо як қисмати ҷумларо бигирем

Дар суҳбати қаблӣ дар бораи ҷаҳонишавӣ ва масъулияти як мусалмони муосир суҳбат доштем ва чанде аз бародарон дар номаҳои худашон чӣ аз тариқи интернет ва чӣ аз тариқи мустақиман ба мо мулоҳизаҳо карданд, ки тулонӣ ҳастанд ва намехоҳам вақти шуморо зиёд гирам ва яктоаш хело ба мо муҳим буд. Он бародаре, ки ба мо номаи тулонии худашонро ирсол намудааст, воқеан нияти холис ва андешаи хуб дорад. У ба хотири он навиштааст, ки бештар бифаҳмад, ки мақсади мо аз ин раванди ҷаҳонишавӣ чӣ буд ва чӣ мехостем ба ҷавонон тавсия бидиҳем.
Агар дар ёдатон бошад, дар суҳбати қаблӣ дар ҷавоби яке аз бародарон, ки гуфта буд: дар чунин шароит ба бародарони ҷавон чӣ тавсия медиҳед? Чун мавзуъ мавзуъи ҷаҳонишавӣ ва чӣ гуна ҷавобгуи замон будан буд, мо гуфтем, ки аввалан бояд аз Қуръону Суннат барои худ ҷавшан сохт, яъне ин улумро ҳамчун як мусалмони муътақид дар бар гирифт ва дар паҳлуи он ақлу хираду андешаро низ ҷой дод, то тавонем аз ин сармояи бузурги эътиқодӣ ва маънавию илмӣ дуруст истифода барем. Дар он ҷой ҳам гуфта шуд, ки Қуръон ва ҳадису фиқҳро ба танҳоӣ омухтан дар чунин шароит барои ҷавоб гуфтан ба хатарҳои ҷаҳонишавӣ чандон кофӣ нест. Як гуруҳ аз бародарон воқеан холисона навиштаанд, вале онҳо танҳо аз бадана ё контексти матн ё суҳбат ҳамон як қисмати ҷумларо гирифтанд ва гуфтанд, ки ин ҳарфҳое, ки шумо мегуед, ки омухтани Қуръону Суннат ва фиқҳу улуми ислом ба танҳоӣ касеро ба ҷойе намерасонад иштибоҳ аст. Албатта агар касе ҳам ин ҳарферо бигуяд ва танҳо ба ҳамин ифтитоҳ кунад, он саҳеҳ ва дуруст нест. Вале вақте мо дар бораи ҷаҳонишавӣ суҳбат мекунем ва дар бораи ин, ки як мусалмони ҷавон дар чунин  шароит чӣ кор бояд бикунад ва ҷои худро дар муқобили чунин хатарҳо чӣ хел ҳифз кунад, ҳоло ҳам мегуем, ки як мусалмон Қуръону ҳадисҳоро аз бар кунад ва улуми диниро воқеан фаро бигирад, вале агар у мусаллаҳ ва муҷаҳҳаз ба илми дунявию васоили замонӣ набошад, наметавонад худро дар муқобили ин офатҳое, ки болояш аз тарафи чапу рост дар раванди ҷаҳонишавӣ рехта истодааст, ба таври бояду шояд ҳифз кунад. Мо шакк надорем ва ҳеҷ кас ҳам зери суол намондааст, ки у як мусалмони хуб ва муътақид ва бисёр огоҳ аз олами динӣ нест.
Ман чанде  пеши яке аз бузургони кишварамон, ки воқеан олими шинохта ва варзидаи кишвар аст, бо як суоли оддӣ муроҷиат кард. У (ном намегирам) садҳо ва ҳазорҳо шогирд дорад ва муфассиру олим аст, ба мо муроҷиат карда гуфт, ки алъон дар он ҳалқаи дарсияш бо шигирдонаш мушкилии ҳуқуқӣ ба вуҷуд омадааст. Мегуянд, ки ҳаққи дарс додан надоред, ман чӣ кор кунам? Чӣ бояд кард, ки ин мушкилии ҳуқуқиям ҳал шавад, то бо шогирдонам дарсамонро давом диҳам? Бубинед, як олим, ки Қуръонро бисёр хуб медонад, ҳазорон шогирд тайёр кардааст, тафсиру ҳадис дарс медиҳад ва яке аз муҷтаҳидони кишвар аст, дар як масалаи кучаки ҳуқуқӣ дар мондааст. Чӣ бояд кард, ки масъалаи ҳуқуқиро ҳал кунанд? Магар касе дар илми он устод шакк дорад? Алабатта не.
Мо акнун мегуем, ки ин бузургони мо шароити хуби таълиму тадрисро дар замони худ надоштаанд, инҳо маҷбур буданд, ки илми исломиро дар таҳхонаву дар шароити фишор дар замони Шуравӣ ба даст биёранд ва имкон надоштанд, ки дар донишгоҳҳо бихонанд, ки дар паҳлуи улуми исломӣ илми ҳуқуқ, иқтисодиёт ва иҷтимоиётро ба даст биёранд, то ин ки ба ин мушкилиҳои каму беш саргарм нашаванд.

Танҳо дар фикри худамон набошем ва бо забони дигарон суҳбат кунем

            Акнун даъвати мо аз бузургон ва бародарону хоҳарон ин аст, ки шароит дигар шудааст ва барои он, ки ҷавобгуи офатҳои замон ва ҳамқадами замон буд, бояд дар паҳлуи олами Қуръон дин, суроғи улуми замона ҳам бошанд ва онҳоро дар паҳлуи ҳам қарор бидиҳанд. Эътиқод, шинохти Худованд ва мусаллаҳ будан бо Қуръону Суннат ва фиқҳ инсонро аз як марҳала ба марҳалаи дигар мегузаронад. Он бародар дар номааш бисёр хуб қайд кардаааст, ки инсонро аз гумроҳӣ ба ҳидоят равона мекунад ва аз дузах ба биҳишт мегузаронад  ва дар ин шакке нест. Агар масъулият ва рисолати мо ин бошад, ки фақат, ки худро наҷот бидиҳем дуруст аст, яъне шаке нест, ки ба воситаи Қуръону ҳадис ҷони худро аз оташи дузах наҷот медиҳем, чун табдил мешавем ба як мусалмон. Вале агар мо дар фикри он бошем ки танҳо худро нею, балкӣ дусту ҳамсояву ҷомеаро бояд ҳидоят кунем, пас рисолати мо ҳамчун як муъмин ва як мусалмон бояд ин бошад, ки ин пайёмро ба дигарон бирасонем. Пас танҳо дар фикри худамон набошем ва бо забони дигарон суҳбат кунем; барои физик бояд ба забони физика суҳбат кунем, барои химик бо забони химия ва барои адиб ё шоир бо забони адабӣ бояд суҳбат кард. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем рисолати худро анҷом диҳем. Худованд дар Қуръон барои касоне, ки онҳо идомадиҳандаи кори Пайёмбар (с) ҳастанд мегуяд, касоне ҳастанд, ки башорат медиҳанд ва рисолатҳои Худоро таблиғ мекунанд, танҳо як рисолатро нею, балкӣ рисолатҳо ва пайёмҳои Худовандро[1]. Пас масъулияти як мусалмони муосир танҳо дар бораи худаш фикр кардан не, балкӣ дар бораи дигарон  ва дар бораи ҷомеа бояд фикр кард.
Бинобар ин, суҳбати имруза давоми суҳбати қаблӣ хоҳад буд ва боз бармегардем ба ҳамон масъулияти як фарди мусалмони муосир. Бисёр мехостем, ки бародарон дуруст дарк кунанд, ки инҷо ҳадаф муқобили ҳам гузоштани як идда аз олимони динӣ бо олимони дунявӣ нест, балкӣ ҳадаф ба ҳам наздик овардани ин ду гуруҳ аст. Мисли як парандае, ки бо як бол парвоз карда наметавонад, мо бояд ин ду болро дошта бошем. Пас як мусалмони муосир бояд муҷаҳҳазу мусаллаҳ бо ақидаи солими динӣ дар ососи Қуръону Суннат бошад ва ҳамзамон бо илми замонавӣ.

Аҳмад Дидот Инҷилро бо чаҳор ривояташ аз бар карда буданд

Ахмад Дидот
Саволҳои хубе ба мо матраҳ карданд, аз қабили он ки чаро фарзандони як идда аз аъзоёни ҳизби наҳзат ё ҷомеаи мо дар ин ё он кишварҳои дигар мехонанд? Ҳатто алайҳи оне ки мо гуфтем, ҷавонон бираванд барои худ барномарезӣ кунанд, то моҳе як адабиёти ҷаҳониро бихонанд, як пьеса тамошо кунанд ё ба як музей бираванд, савол карданд. Баъзе бародарон ба ин ҳам эрод гирифтанд ва гуфтанд, гуё мо даъват карда истодаем, ки ҷавонон омузиши динро қатъ кунанд ва бираванд барои омузиши масалан адабиётҳову китобҳое, ки дар он ибораи куфру бидъат ҳам омадааст. Ин хеле масъалаи печида ва вазнин аст. Магар як мусалмони муосир аз адабиёти ҷаҳонӣ огоҳ набуда метавонад бо инсонҳо ва бо пайравони дини дигар баҳс кунад? Худованд дар Қуръон мегуяд «Баҳс кун бо онҳо ба он шакле ки беҳтар аст»[2]. Шумо агар Шекспирро надонед, бо як нафаре, ки даъво мекунад, ки Шекиспир аз Мавлонои Румӣ беҳтару хубтар гуфтааст, чӣ гуна баҳс мекунед? Дар ин бора ё ин, ки Гёте пайравӣ аз Ҳофизи Шерозӣ кардааст ва агар Шумо Гётеро ё адабиёти Олмону ҷаҳонро нахонда бошед, чӣ гуна баҳс мекунед? Ё бо як руҳонии масеҳӣ ки даъвои онро дорад, ки китоби онҳо Инҷил аз Қуръон ва дини онҳо Масеҳият аз аз Ислом беҳтару хубтар аст, чӣ гуна шумо баҳс мекунед? Мо чанд нафар донишҷуйи мусалмон дорем, ки дар донишгоҳҳои котоликӣ ё проваславӣ ё протестантӣ рафта омухта истодаанд? Ягон нафар надорем. Мо як марҳум Аҳмад Дидотро доштем, ки Инҷилро бо чаҳор ривояташ аз бар карда буданд, Қуръонро хуб медонистанд, баҳси илмии муқоисавӣ байни Қуръону Инҷил мекарданд ва дар тамоми ҷаласаҳову нишастҳо исбот мекарданд, ки бартарияту афзалияти Қуръон дар чӣ аст ва чаро мо ҳазрати Исои Масиҳро пайёмбар медонему на фарзанди Худо, чун Инҷилро омухта буд ва медонист. Мо агар ба як нафар гуем, ки бародари азиз ё хоҳари муҳтарам равед дар як донишгоҳи масеҳӣ таҳсил кунед ва мутахассиси соҳаи Инҷил шавед, ҳатман гуруҳе пайдо хоҳад шуд ва мегуянд, ки фалонӣ онро тавсия кардааст, ки равед дар донишгоҳи масеҳӣ илм биомузед. Чӣ бадӣ дорад, ки як мусалмон ба хотири илм ва таҳқиқот биравад дар як донишгоҳи дигар таълим бигирад? Мо агар иштибоҳ накунем, чандин ҳазор нафар амрикоӣ ва олмонию урупоиро дорем, ки дар донишгоҳҳои исломӣ таҳсил мекунанд. Шояд, ки иддаи каме аз онҳо ҳидоят шаванду Исломро қабул кунанд, вале аксарияти онҳо ба хотири омухтани бештар ва чуқуртари дини мо омадаанд. Барои таҳқиқоти илмӣ, ҳазорҳо шарқшинос аст, вале мо чанд ғарбшинос дорем?! Даҳҳо донишкадаи шарқшиносӣ ҳаст, вале дар Олами Ислом чанд донишкадаву донишгоҳҳои ғарбшиносӣ ва ҳато марказҳои ғарбшиносӣ дорем? Ман хеле тааҷҷуби мусбат дорам ва хушам меояд аз он ки бародарони эронии мо таҳқиқот болои андеша ва афкори суннӣ мегузаронанд ва мутахассисони хуби суннатшиносро ё суннишиносро тайёр мекунанд. Агар як ҷавони тоҷик биравад дар Ирон таҳсил кунад, ҳатто дар яке аз донишгоҳҳои бародарони аҳли ташайуъ, ба у тамғаи шиаро мезананд. Чӣ бадӣ дорад ки мо дар Тоҷикистон 5 ё 10 нафар бародари мутахассиси шиашинос дошта бошем? Вақте ки як нафарро мехоҳем ҳамчун коршинос даъват кунем, ки дар ин масъала назар бигуяд, пайдо намекунем. Мо чанд нафар дар Тоҷикистон дорем, ки андешаҳои бародарони аҳли ташайуъро чӣ дар фиқҳ, чӣ дар фалсафа ва чӣ дар калом аз лиҳози илмӣ омухтанд? На, надорем, чӣ расад ба Масеҳият ё Яҳудият. Мо дар ягон соҳа ҳануз мутахассис надорем. Пас ин масъулияти мо аст, ки биомузем.
Ман аз ин бародароне, ки заҳмат кашиданд ва кори хубе ҳам кардаанд, ки ин андешаҳо ва эродҳои худро дар заминаи он суҳбатҳои қаблӣ ба мо навиштанд. Аз эшон боз ҳам миннатдорӣ мекунем ва даъват мекунем, ки масаъаларо як каме васеътар бубинанд ва баҳо бидиҳанд, ва аз дидгоҳҳои танг ва як қисми масаларо меҳвар қарор дода қисмати дигарро тарк карда чандон ба нафъи ҷомеа нахоҳад буд. Хуб дигар ин ҳам давоми он суҳбатҳои қаблӣ буд, ки гуфтем, ки бояд ба саволҳое, ки воқеан бисёр зиёд омадаанд вокуниш нишон дода шавад. Ман талош мекунам, ки дар суҳбатҳои оянда ҳам як каме ба ин саволҳо ҷавоб гуфта шавад, вале намехостам, ки ин суҳбатҳои мо ба ин саволҳои бародарон маҳдуд бошад. Мо вақте, ки мегуем ҳадафи аслиамонро равшан андозем бояд, ки ба масалаҳои ҷиддитар ва усулитар ворид шавем. 

(Давом дорад)


[1] الذين يبلغون رسالات الله ويخشونه ولا يخشون أحدا إلا الله وكفى بالله حسيبا сураи Ахзоб, ояти 39 (баргардонанда)
[2] ادع إلى سبيل ربك بالحكمة والموعظة الحسنة وجادلهم بالتي هي أحسن, сураи Ал-нахл, ояти 125 ва инчунин дар сураи Ал-ъанкабут ояти 46 мегуяд, ولا تجادلوا أهل الكتاب إلا بالتي هي أحسن إلا الذين ظلموا منهم (баргардонанда)

No comments:

Post a Comment