2/01/2011

Кабирӣ ва Миср: "Бедории олами араб ё нокомии диктотурҳо"


Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ, аз муҳиммтарин аҳзоби мухолиф дар Тоҷикистон, нооромиҳои Мисрро "лаҳзаҳои бедории олами араб ё нокомии диктотурҳои араб" арзёбӣ кард. Оқои Кабирӣ, ки рӯзи шанбеи 29 январ дар мақарри ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Душанбе дар ҷаласае бо ҷавонони тарафдори ин ҳизб сӯҳбат мекард, аз мақомҳои мисрӣ барои дарк накардани ниёзҳои мардум ва саривақт посух надодан ба ин ниёзҳо интиқод кард. Вай зимни ибрози умедворӣ, ки бӯҳрони Миср ҳарчи сареътар, бахубӣ ва бидуни талафоти бештаре рафъ шавад, гуфт, ки ин кишвар аз муҳиммтарин кишварҳои арабист ва ҳар тағйире, ки дар Миср мешавад, кишварҳои дигари араб ва исломиро низ таҳти таъсир қарор хоҳад дод.

"Нокомии диктотурҳо"
Ба назар чунин мерасид, ки раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ, ки танҳо ҳизби мазҳабӣ дар Тоҷикистон буда ва дар гузашта низ ба таҳаввулоти мухалиф дар кишварҳои исломӣ ё мусалмонӣ вокуниш кардааст, бо эҳсоси нигаронӣ дар бораи ҳаводиси Миср сӯҳбат мекард. Олами ислом дар ғалаён аст, бахусус олами араб. Ин лаҳзаҳоро метавон ё рӯзҳои бедории олами араб номид ё нокомии диктотурҳои араб. Ба фикрам, ҳарду дар паҳлӯи ҳаманд. Вай гуфт дар ҳоле ки Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳурии Миср, дар чаҳорумин рӯзи эътирозот аъзои ҳукуматро барканор карда, вале мушаххас нест, ки ин иқдом оромишро ба кишвар бозхоҳад овард ё на.
Оқои Кабирӣ афзуд: "Олами ислом дар ғалаён аст, бахусус олами араб. Ин лаҳзаҳоро метавон ё рӯзҳои бедории олами араб номид ё нокомии диктотурҳои араб. Ба фикрам, ҳарду дар паҳлӯи ҳаманд. Аз як тараф, раванди бедории мардуми араб ва, дар маҷмӯъ, мусалмонҳо мушоҳида мешавад ва аз тарафи дигар, нокомии низомҳои диктотурӣ ва худкомаи олами араб." Эътирозот ва нооромиҳои густарда дар Миср дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл чунин иттифоқоте дар Тунис, як кишвари дигари арабӣ дар шимоли Офриқо, ба сарнагунии давлати Зайналъобидин бин Алӣ, анҷомид. Дар пайи ин ҳодиса эътирозоте дар Алҷазоир, Яман ва Урдун низ сурат гирифта ва мӯътаризон хостори озодиҳои бештари иҷтимоъию сиёсӣ шудаанд.
Муҳддин Кабирӣ бо ишора ба густариши доманаи норизоятӣ ва ошӯбҳо дар чанд кишвари арабӣ мегӯяд, ки нооромиҳои Миср дигар масъалаи як миллату як кишвар нест. Вай гуфт: "Бисёриҳо мӯътақид буданд ҳодисаҳое, ки дар Тунис шуд, ба кишварҳои онҳо интиқол нахоҳад ёфт, вале баъзе аз ҳукуматдорони огоҳ ва дурбин, иқдомҳое дар пеш гирифтанд, мисли Мавритания, ки ман шунидам, нархҳо дар он ҷо ба 30 фойиз пойин бурда шуд. Дар Либӣ ҳам ва дар баъзе кишварҳои дигар ҳам машваратҳову гуфтугӯҳо бо нерӯҳои гуногуни сиёсӣ оғоз гашт, вале ягона кишваре, ки масъулин ва президенташ мегуфтанд, ки ҳама чиз ором аст ва таҷрубаи Тунис дар мо такрор намешавад, Миср буд. Ҳукумати Миср ҳеч коре намекард."

"Хиёнати мушовирон"
Оқои Кабирӣ, ки таҳлилгарон ӯро исломгарое мӯътадил бо дониш ва ҷаҳонбинии мудерн ва сиёсатмадоре воқеъбин мехонанд, мегӯяд бо назари бисёре аз таҳлилгарон, ки гуфтаанд "ба раиси ҷумҳурӣ ва ҳукумати Миср мушовиронашон ва атрофиёнашон хиёнат карданд", мувофиқ аст. Вай афзуд: "Бояд маълумоти дуруст мерасонданд, ки мардум дар интизори тағйирот ва дигаргунӣ ҳастанд, бояд ба саволҳои онҳо ҷавоб гуфт, иқдомоте пеш гирифт, ки ҷавобгӯйи ниёзҳои мардум бошад."
Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчунин бар ҷойгоҳ ва нуфузи Миср дар арсаи байналмилалӣ, бавижа дар ҷаҳони араб, таъкид кард ва гуфт ҳаводиси ин кишвар бояд барои мардум, сиёсатмадорон, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳукуматҳо сабақе бошад, ки "набояд вазъиятро ба ин ҳад расонд." Вай гуфт: "Миср кишварест, ки аз олами араб дар гуфтугӯ бо олами Ғарб намояндагӣ мекард. Кишварест, ки ҳарфаш барои олами ислом ва олами араб ҳарф аст. Бузургтарин кишвари олами араб аз лиҳози ҷамъият аст ва тағйироте, ки дар Миср мешавад, дигар кишварҳоро бетаъсир нахоҳад гузошт."

"Нигаронии Исроил"
Оқои Кабирӣ афзуд, ки ба эътиқоди вай, дар мавриди ҳаводиси Миср ҳоло беш аз ҳар кишвари дигаре Исроил нигарон аст, вале нагуфт, ки чаро. Зимнан, тибқи гузоришҳо, нахуствазири Исроил сухангӯйи давлати ин кишварро дастур додааст, ки дар мавриди ҳаводиси Миср сокит бимонад. Аммо мақомоти исроилӣ гуфтаанд, ки ҳаводиси Мисрро аз наздик наззора мекунанд ва аз имкони ба қудрат расидани Ихвон-ул-муслимин, як гурӯҳи исломгаро ва мухолифи умдаи давлати Ҳуснӣ Муборак, нигаронанд.
Миср нахустин кишвари арабӣ буд, ки се даҳа пеш бо Исроил мувофиқатномаи сулҳ имзо кард ва ба гуфтаи таҳлилгарон, ин кишвар яке аз муҳиммтарин муттаҳидони Исроил аст, ки ба унвони пуле миёни ин кишвар ва ҷаҳони араб хидмат мекунад. Аммо раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нигарониҳо дар бораи нақши гурӯҳҳои исломгаро, аз ҷумла Ихвон-ул-муслимин, дар нооромиҳои Мисрро бепоя хонда ва аз бархе расонаҳо, бавижа телевизиюн ва чанд сойти хабарии Русия, барои "рангу бӯйи мазҳабӣ додан" ба ҳаводиси Миср интиқод кард.

Дастнишондаи Ғарб?
Вай гуфт: "Ман мушоҳида кардам, ки худи мардуме, ки дар Миср қиём кардаанд, нерӯҳои сиёсӣ, ҳамчунон ки дар Тунис анҷом шуд, талош мекунанд, ки ба ин ҳаракатҳои худ ҳеч рангу бӯйи динӣ надиҳанд, нишон бидиҳанд, ки як қиёми мардумист, ки аслан ба ҳеч ҳизбу ҳаракат рабте надорад, на ба ҳизбҳои исломӣ, на дунявӣ, балки мардум худаш қиём кардааст." Вале ба эътиқоди оқои Кабирӣ, расонаҳо ва коршиносон дар тафсири ҳаводиси Миср ба чанд гурӯҳ тақсим шудаанд. Агарчи гурӯҳе воқеъиятро нишон медиҳанд, гурӯҳи дигар талош мекунанд, ки ин ҳаводисро "кори дасти исломиҳову ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ" ҷилва дода ва мардумро бим диҳанд, ки "агар Ҳуснӣ Муборак аз қудрат биравад, ҳатман бесарусомонӣ хоҳад шуд ва аз ин фурсат исломиҳо истифода хоҳанд кард."
Муҳиддин Кабирӣ дар тақвияти суханони худ ба нақши Муҳаммад ал-Бародеъӣ, сиёсатмадоре мисрӣ ва раиси собиқи Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ (ОБЭА) ишора кард, ки ҳоло раҳбарии мӯътаризони мухолифи давлат дар Мисрро ба ӯҳда дорад. Вай гуфт: "Бародеъӣ, ки раҳбари ин ҳаракат аст, раҳбари ОБЭА буд, барандаи ҷоизаи Нубел ва шахсе, ки Ғарб ӯро таъйин кардааст ва бо дастгирии ҳукуматҳои ғарбӣ ва ҳукумати мисрӣ (рӯйи кор омадааст), вай пештар ҳам вазир буд. Чи гуна Бародеъие, ки "эркаи Ғарб" буд, имрӯз раҳбарии як ҳаракати исломӣ ё як қиёми исломиро дар Миср ба дӯш мегирад?"

"Имкони гуфтугӯ" дар Тоҷикистон
Оқои Кабирӣ дар ҷаласаи рӯзи шанбе ҳамчунин ба суолоти бархе аз ҷавонон, ки ҳам дар ҷаласа ва ҳам аз тариқи интернет матраҳ мекарданд, посух дод. Вай гуфт яке аз ҷавонон ин суолро матраҳ кардааст, ки "Чаро ин корҳо (тазоҳурот) тамоми ҷойи дунё мешавад ва шумо дар Тоҷикистон хомӯшед?" Албатта, мо ҳам нигарони он ҳастем, ки кор ба он ҳад нарасад ва худоро шукр, ки кор ба он ҳад нарасидааст. Дар мо гӯшҳое ҳастанд, ки мешунаванд, чашмҳое ҳастанд, ки мебинанд
Вай дар посух ба ин суол гуфт: "Дар Тунису Миср роҳ барои гуфтугӯ ва тарҳи масъалаҳо баста буд, дар мо ин шароит ҳануз вуҷуд дорад. Мо имкони расондани ҳарфи худ, нуқтаи назари худ, дидгоҳҳои худро ба ҳар касе, ки лозим аст ва ба ҳар ҷое, ки лозим аст, дар Тоҷикистон, дорем. Албатта, мо ҳам нигарони он ҳастем, ки кор ба он ҳад нарасад ва худоро шукр, ки кор ба он ҳад нарасидааст. Дар мо, алҳамдулилоҳ, гӯшҳое ҳастанд, ки мешунаванд, чашмҳое ҳастанд, ки мебинанд, ақлҳое ҳастанд, ки таҳлил мекунанд ва ин неъматро мо дорем, ки дигарон надоштаанд."
Вай ҳамчунин хостори эҳтиёт дар "ин гуна масъалагузорӣ" шуд ва гуфт касе наметавонад замонат диҳад, ки дар ҷойи дигар "ин ҳама баромадан аз қолаб, аз чорчӯби қонун" мунҷар ба оқибатҳои сахттаре нахоҳад шуд. Оқои Кабирӣ ҳамчунин бо ишора ба ин ки давлати Тоҷикистон ахиран тарҳи қонун дар бораи масъулияти волидонро ба баррасии умумӣ гузоштааст, гуфт агар дар Миср ва Тунис ҳам ҳукуматҳо қабл аз тасмимгирӣ имкони баҳсу муҳокимаро барои мардум фароҳам мекарданд, шояд чунин ҳаводисе намешуд.
Раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ, ки пештар ҳам мухолифати худро бо бархе аз мафодди тарҳи қонуни масъулияти волидон иброз дошта буд, гуфт: "Қаблан мегуфтам, ки умед дорам, вале ҳоло мегӯям, ки бовар дорам, ки нуқтаи назари ҳизби мо ҳам, ҷомеъа ҳам, рӯҳоният ҳам, дар қабули ин қонун ба назар гирифта мешавад, чунки алакай аз чанд тараф садоҳо ва пешниҳодҳои ҳамрангу ҳамсон ироа мешаванд." Дар нишасти рӯзи шанбе ин суол матраҳ шуд, ки оё мумкин аст ҳаводиси Миср дар кишварҳои Осиёи Миёна низ асар гузорад? Оқои Кабирӣ гуфт, вай баъид медонад, чун ҳаводисе мушобеҳ, ки дар Қирғизистон ду бор иттифоқ уфтод, ва ҳамчунин инқилобҳои рангин дар Гурҷистону Укройн, натавонистаанд дар кишварҳои дигари минтақа таъсир кунанд.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/01/110129_ea_kabiri_egypt.shtml

No comments:

Post a Comment