12/27/2010

ҲНИТ: АНДЕШАҲО ПИРОМУНИ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ ВА СОЛЕ, КИ МЕОЯД

-Кадоме аз  воқеаҳои соли 2010-ро Шумо барои Тоҷикистон ва мардуми он муҳим арзёбӣ мекунед? Аз ҳама рӯйдоди хурсандибахш ва аз ҳама воқеаи ҳузнангези ҳаёти сиёсии кишварро дар соли 2010 лутфан номбар кунед ва шарҳ диҳед.
     -Соли 2010 аз солҳои душвор барои миллат ва кишвари мо пас аз сулҳу ваҳдат буд ва ҳамаи моро дар рӯёруйи имтиҳон қарор дод. Муҳимтарин рӯйдоди хурсандиовар дар соли гузашта аз нигоҳи мо, ҳифзи суббот ва оромиш дар кишвар буд, зеро якбора мушкилиҳои зиёде болои мо омаданд ва имкон дошт, ки вазъият аз ин бадтар шавад. Оне, ки ин солро дар оромиши нисбӣ ба анҷом мерасонем, худ боиси хурсандист. Агар дар бораи ҳодисаҳои ҳузнангези соли 2010 сухан бигуем, мутаассифона, рӯйхати он тӯлонӣ мешавад, чун рӯйдодҳои манфӣ кам набуданд. Сол бо интихоботҳои пуртақаллуб шурӯъ шуд ва нишон додем, ки байни сухану амал фарқ зиёд аст. Баъдан , ҳодисаҳои дигаре, мисли фирори маҳбусин ва ҳуҷум ба сарбозони артиши миллӣ, даргириҳо дар Рашт таъсири худро ба фазои кишвар расониданд. Метавон гуфт, ки соли 2010 бо ҳамин рӯҳия тамом шуд. Бо вуҷуди ҳама душвориаш, умедворам ки соли 2010 барои миллати мо соли гузариш аз як марҳалаи сангин ба пешрафтҳо ва дастовардҳо бошад.

-Дар соли 2011, ба фикри Шумо, чӣ пешомадҳое мардуми Тоҷикистонро интизор аст ва орзуву таманниёти Шумо ба халқи кишвар  дар соли нав чӣ гуна хоҳад буд?

      -Фикр мекунам, ки соли 2011 вазъи амниятӣ ва сиёсии кишвар беҳтар хоҳад шуд ва ҷомеъа ба фазои табии худ мегардад. Вале, дар масоили иқтисодӣ-иҷтимоӣ чандон хушбин нестам. Зеро , аз як тараф мо ҳанӯз ҳам зери таъсири бӯҳрони иқтисодӣ қарор дорем. Агарчӣ, буҷаи номиналии мо боло рафт, вале бо назардошти таваррум ва болоравии нархҳо амалан ҳамон имкониятҳои қаблиро хоҳем дошт. Илова бар он,  қиммати баъзе хадамот, мисли барқ ва нақлиёт боло меравад.

     Соли ояндаро аз ҳама душвор барои муҳоҷирини тоҷик медонам ва зарур аст, ки тамоми имкониятҳои давлатӣ, ҳизбӣ, мардумиро барои ҳимояи ҳамватанони худ сарф намоем. Зеро, сутунмӯҳраи иқтисод ва суботи ҷомеъаи мо заҳмати он бечорагон аст ва ҳимояти онҳо масъулияти ҳар кадоми мо. Пеш аз ҳама, мақомоти давлатӣ. Бо вуҷуди ҳама душвориҳо, хушбинии худро аз даст нахоҳам дод, чун дигар хел будан мумкин нест.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

http://ruzgor.tj/siyosat/3990-2010-12-26-20-16-26.html

No comments:

Post a Comment